Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рат даст афшонд вай. Сонӣ ба фикр фурӯ рафту занҷири гиребони куртаи варзишиашро болою поин кашида, хеле вақт хомӯш монд. “Падари Ҳусейна мардум хуш намекунанд... чанд каса бо тӯҳмат кулак кард, бадарға кард мегӯянд. Ҳусейн аз ин хиҷил аст, аммо маълум намекунад. Нони бедардмиён хӯрда калон шудагӣ бошад ҳам, дилаш рост, дурӯя не, каса намефурӯшад... Аммо ба Самеъ бовар кардан мушкил аст. Ин аз паи додои Ҳусейн мерафтагӣ барин... Барои фоидаи худаш аз ҳеҷ хиёнат даст намекашад... Ҳозир ҳам як бандча решара зер карда нишастааст. “Ин барои рӯзи танг, даст нарасонед” мегӯяд. Гумон аст, ки бо мо ба ҳам бинад... Баъд аз ин чӣ кор мекунем, ҳайронем...”
– Дигар решаю алаф ҳам тамом шуд, – гуфт вай баъди хеле фикру андеша ба сухан даромада. – Будагиша бо сарфа хуред. Хоида напарто, Самеъ!
Чашмони мешии Рашид як-як ба рӯи шариконаш дӯхта шуд. Ҳар ду ҳам ба ғоят лоғар гашта, чашмонашон ба косахона фурӯ рафтаст, устухонҳои рӯяшон ҷаста баромадаст.
Каллаи калони Ҳусейн ҳоло хурд гашта, дӯлчаи обхӯрӣ барин шудаст. “Вай аз ҳама бештар аз марг метарсад, аммо сир намедиҳад, – аз дил гузаронд Рашид. – Духтар барин маҳин буд, ҳозир тундӣ мекунад. Аслан, таҳи дилаш дар мактаби миёна хонданӣ набуд, ба институт даромадан ҳам намехоҳад.. Тракторчӣ шудан мехост... Аммо аз амри додош сар тофта натавонист. Мехоҳад вай ҳам бо дили пур ва боварии комил кори метавонистагиша кунад, гап занад... Вай ғайрат дорад, аммо ҷуръат надорад. Аз хурдиаш ким-чӣ хел камгап, одамгурез аст. Лекин ҳамеша буду шуди гапро мегӯяд. Шӯхию ҳазлро намедонад, одати аз майда-чуйда чақ-чақ карда нишастан надорад. Ҳол он ки додоша одами дастархондор, дар вақти

пешина
аз 192
навбатӣ