Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
маъруф аст ва аз ин сабаб дар байни мардум баъзе дуохонҳо таъсиру эътибор ёфтаанд, ҳикоя кунад.
Дақиқае чанд ҳар се ҳам хомӯш гаштанд. Ҳар яке ғарқи фикру андешаҳои худ бо мӯзаи брезинтӣ ва ботинкаҳо яхчаи раҳро шақар-шақар шикаста қадам мезад. Дар куҷое тарма афтод. Гумбурроси нохуше шунида шуд, ки ба садои кунди заминҷунбӣ шабоҳат дошт.
Рашид як ҷавони лоғару резаҷусса, айёми зимистон бештар аз дигарон дардманд буд, вале ба зуд-зуд шамолхӯриаш нанигариста аз ҳеҷ сайру сафар намемонд. Вай дар курси дуюми омӯзишгоҳи тиббӣ таҳсил дошт. Ҳоло имтиҳоноти нимсоларо бо баҳои аъло супурда, ба назди падару модараш, ки ду моҳ боз надида буд, шитоб дошт. Азбаски сиҳатиаш пойдор набуд, падараш – муаллими деҳа таъкид карда буд, ки зимистон аз роҳи ағба наоянд, ин раҳ мудом ягон хел «нағма» дорад:
меғи торик, бӯрони ногаҳонӣ, тарма... Аммо Рашид аз ҳамраҳонаш ҷудо гашта натавонист.
Онҳо то наздикиҳои ғори Саркашон хомӯш рафтанд.
Даҳани ғор ду хамгашт он сӯтар намудор гашту қариб ҳар се баробар ба сухан даромаданд.
– Фақат ман даромада ин ғора дидагӣ! – ба худситоӣ сар кард Самеъ. – Шумоён дилу гурдаи ба ин ғор даромадан надоред! – мегуфт вай нописандона.
– Пештар дар ин ғор урдуи дуздон будаст. Шабҳо баромада қишлоқҳоро тала мекардаанд, – гуфт Рашид аз сиёҳии даҳони ғор чашм наканда.
– Духтарона дуздида дар ҳамин ҷо руст мекардаанд, – илова кард Ҳусейн.
– Ҷои касофат буд мегӯянд... – гуфт Рашид беэътино. – Аз амир гурехтагӣ ҳам, аз ҳукумат домангир ҳам дар ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё