Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҷо руст мешудааст. Барои ҳамин номаш «Ғори Саркашон».
– Не-е, – Самеъ ба вай эътироз кард. – Номи ин ғор аз
қадим Саркашон.
– Дар замони пеш ҳам ҳукумат будагӣ, – тавзеҳ дод
Рашид.
– Аслан, «Саркашон» не, «Саркафон» мегӯянд. Ба қишлоқ рафта пурс, ҳамаи мӯйсафедон ҳамин хел мегӯянд.
– Кӣ медонад, балки ҳозир ҳам аз дарунаш ба мо ягон
кас менигарад, – гуфт Ҳусейн ба баҳси рафиқонаш эътиборе
надода.
– Бед, як бор медароем, – пешниҳод кард Самеъ.
– Дар ин вақти сол дар кӯҳ мондан хатарнок аст, бачаҳо,
ҳамин замон ҳаво вайрон шавад... – огоҳ кард Рашид.
– Ман ҳам намедаром, аз бало ҳазар, мабодо гург-пург
хоб бошад... – Ҳусейн ҳам ба ғордароӣ розӣ набуд. – Аз одамподам намеҳаросад.
– Ҳой, бегурда! Мо се кас, наход дар рӯзи равшан...
– Гург ҳам ин вақти сол тӯда-тӯда мегардад, – ба ҳеҷ
ваҷҳ тан намедод Ҳусейн.
– Ҳолӣ ба ғор наздик нарафта, бадани Ҳусейн ба ларза
даромад, – хандид Самеъ.
Ҳоло онҳо аз он роҳҳое мегузаштанд, ки дар ин фасли
сол ҳангоми гузаштан бағоят эҳтиёт будан, дар роҳ таваққуф
накарданро раҳбаладон ҳамеша ба сайёҳони аз кишварҳои
дигар омадагӣ таъкид мекунанд. Албатта, ин се тан ҳам он қоидаҳоро аз хурдӣ шунида, борҳо натиҷаи нохуши беэҳтиётии
одамонро дида буданд, вале гумон мекарданд, ки наход фало-кат маҳз ба сари онхо ояд.
– Дарунаш гармакак... Бед гарав, ман даромада як шаб
хоб рафта меравам! – аз ҳад зиёд даҳанкалонӣ мекард Самеъ.

пешина
аз 192
навбатӣ