Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Худам мекушам, сонӣ гила накун, дар охир таҳдид кард вай. – Як бурда намедиҳам! Гуруснагира мемуред. Агар ҳар дуята ҳам аз гушнагӣ накушам, номам Самеъ не! – ӯ бо ғазаб мушт барин сангро гирифта, ба шахи девор зад. Аз шах оташак парид.
– Охир, хирса чӣ хел мекушем?.. Фикр кун, ин кори ҳазл не! Ман наметавонам. Сонӣ, Рашид гуфт-ку, вақти бедор шуданаш наздик... Гумонат вай бузғола-чӣ?
– Э, гапи ҳамуна гап гуфта, бовар кардӣ? Хез-е!
– Ман қатет рафта нигоҳ карда меистам, худат куш. Ман метарсам, – Ҳусейн ночор ба тарсаш иқрор кард.
– Ҳа, хуб, хез, рафтем, ту нигариста ист.
Ҳусейн чору ночор аз ҷояш бархост.
Яке дос, дигаре шофро ба даст гирифта пешу қафо ба дарун рафтанд. Аммо фурсате нагузашта баргашта омаданд.
– Ҷудо торик, беалав ҳеҷ илоҷаш нест, – гуфт Ҳусейн, асосан, барои Рашид.
Рашид ботинан хандид, ки чӣ хел дар чунин торикӣ, беалав онҳо хирскушӣ мекарданд.
Самеъ кӯрро кофта нӯги ду-се чӯбчаро монда, ба пуфкунӣ сар кард. Лаҳзае пуфу куф карду пешайвон пурдуд гашт ва оқибат алаф даргирифт. Онҳо чӯбчаҳои фурӯзонро бо эҳтиёт дошта дарун рафтанд.
Ба Рашид хоб ғалаба кард. Оҳиста дар рӯи шах паҳлу зад. Вай аз хоб бедор шуду ба гӯшаш гуфтугӯи шариконаш даромад. Аз чӣ бошад, ки онҳо хирсро накушта омадагӣ барин, димоғашон сӯхтагӣ. Рашид инро аз оҳанги сухани онҳо пай бурду ботинан хурсанд шуд. “Охир, боз як ҳафта, баъди як ҳафта хирс бедор шуда, раҳ мекушояду онҳоро халос мекунад. Як ҳафта, зиёд не! Сабр кардан мумкин. Хайр, мушкил,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё