Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шода дар қайди андеша, гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, ишора намуд.
– Дигар решаю алаф ҳам намонд.
– Ҳамин бача ба ҷинам нафоридос... Агар аз Худо натарсам, санга гирифта ба сараш якта зада мекуштам, – ғиҷирос зада дандон ба дандон фишурд Самеъ.
Рашид дар ҳаққи худаш ин ҳукмро шунида, нафасашро дарун кашиду бештар гӯшу ҳуш шуд. Аз дилаш гузашт:
“Асабҳои Самеъ дигар тоб намеоранд. Авзоаш вайрон. Мабодо девона шавад, сонӣ чӣ мекунем?.. – Вай аз ин андешаи худ ба ваҳм афтод. Сонӣ худро таскин дод: – Ба фикрам, барқасди мо ин гапҳора мегӯяд. Э-э, агар инҳо розӣ мешуданд, дарунтари ғора ковем, ризқу рӯзӣ ёфт мешуд. Солҳои аввали колхозӣ баъзе бойҳо дар ин ҷо ғалла руст кардагӣ, мегуфтанд. Ғалла дар ӯраи хушк панҷоҳ-сад сол меистад... Солҳои пеш аз ҷанг ҳам Мулло Сироҷ, Зоҳид-Муаллим гуфтагиҳо аз тӯҳмат гурехта дар кӯҳҳо руст шудагӣ... Солҳои ҷанг дар ин ғор одамон гурезаҳоро дидаанд. Ҳатто як шаб сару рӯяша баста дутааш сари роҳи раиси ҷамоара гирифтагӣ. Аспаша, хӯрҷинаша, пулаша гирифта, худаша тарсодаанд, то ки воқеаро аз даҳонаш набарорад. “Агар гӯӣ, хоната алав мезанем, як шаб катӣ ҳам худата, ҳам зану фарзандата мекунем”, гуфтаанд. Раиси ҷамоа ин гапа сонӣ, баъди ҷанг тамом шудан ба баъзеҳо гуфтаст...
Вай ҳам ҳамин додои Ҳусейн барин. Ин одамон як умр мансабдор, кордашон болои равған. Барои чӣ ягон бор дигарон барин дар саҳро кор карда, нон намехуранд? Одам, ки як бор калон шуд, сонӣ як умр калон мешудаст... Мӯйсафедон мегӯянд, ки ризқу рӯзии ҳар кас дар пешониаш навиштагӣ, рост барин. Аҷоиб... Ман гурусна набудагӣ барин. Ҳол он ки... Ғор ҳам пештара барин торик не. Одам ба гушнагӣ ҳам, ба асирӣ

пешина
аз 192
навбатӣ