Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале Рашиду Ҳусейн ба худситоии ӯ эътироз баён накарданд. Ҳар яке дар дил мегуфт: «Афсӯс, ки ин ҷо мавқеи гапгузаронӣ не. Хайр, лаққидан гир, аз ағба саломат гузарем, сонӣ...
Ҳозир тезтар қадам мон».
Дар боло, дар паҳлӯ – аз ҳар тараф зову теғаҳои даҳшатафкан, дар поён шаху дараҳои махуф. Пайраҳа аз камари кӯҳ мегузашт.
Хирман-хирман барфҳои азим дар бағали қуллаҳои баланд теппа-теппа истода, гӯё ба фармоне нигарон буданд.
Камтарин ҷунбише, ҳатто таҳрики бод ва садои баландтаре метавонад онҳоро ба фалокати даҳшатовари кӯҳсор водор созад. Тарма бо қувваи азиме ба поён мепарад, дар сари роҳаш ҳар чӣ ҳаст – хоҳ санг, хоҳ дарахт – ҳамаро рӯфта мебарад.
– Рашид, муаллим суръати тармаро чӣ қадар гуфта буд?
– пурсид Ҳусейн ғолибан дар дилаш таҳлукае пайдо гашта.
Ба Рашид чунин намуд, ки вай худро ба сӯҳбат машғул доштан мехоҳад.
– Дар як соат 150 километр, – мухтасар ҷавоб дод Рашид.
Ҳоло вай, аз чӣ бошад, ба дароз кардани сухан чандон рағбат надошт.
– Очаам мегӯянд, ки чандин сол пештар ба як одам, номаш дар ёдам намонд, аз қишлоқи худамон будаст, шамолаш расида гузарад, мурда мондаст, – гуфт Самеъ.
– Шамолаш то ним километра дарахта мешиканад. Масалан, тарма ҳӯ, аз он нова гузарад, аллакай шамолаш тура аз пой меафтонад, – гуфт Рашид бо дастонаш новаи дар пешгаҳи ин дараи кӯтоҳ воқеъ будагиро нишон дода.
Лаҳзае ҳар се хомӯш монданд. Аз ким-куҷои дур садои тарма аранг ба гӯши онҳо расид.

пешина
аз 192
навбатӣ