Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
меъ ҳам мушкил шуд, бечора дасттанҳо... Шавҳараш партофту рафт. Аксари одамон тӯҳмат мегӯянд, лекин баъзеҳо мегӯянд, ки гуноҳи зан аст. Пештар ин хел бадахлоқро сангсор мекардаанд. Барои ҳамин Самеъ қатӣ ягон бача ҷӯрагӣ намекунад. Хурду калон аз вай ҳазар мекунанд... Ҳамина дидаю дониста одамон ба раҳи ганда мераванд-а!.. Самеъ барои ҳамин ба додою оча бепарвост. Дар пешаш аз додою оча гап занед, авзоаш вайрон мешавад. Боз аз ҳавобаландӣ намемонад. Хоҳари Ҳусейна гирифтанӣ. Додои вай духтараша сар мебуррад, аммо ба ин намедиҳад... Аз чӣ сабаб бача ин қадар бетаъин гӯед, одамон мегӯянд, ки ҳаромзода аст. Гуноҳи ин чӣ?.. Додом мегуфтанд, ки дар ҳамаи давру замонҳо одамони замонасоз ба сари халқу миллат уқубатҳо овардагӣ. Самеъ гӯшти хирса хӯрда сер гашту дарҳол гуфт, ки “да ин ғор зиндагӣ кардан мумкин аст, ҳеҷ касофоте надорад...” Самеъ барин боз як нафари дигар бошад, баробар бо як овоз таъриф кардан гиранд, балки одамон бовар мекунанд. Бовар накунанд ҳам, инчунин вонамуд мекунанд.
Б о б и ҳ а ф т у м
“Кӯррӯда”-и Рашид. Хирс бедор шуд. Аз дуд хабар ёфтанд.
Задухӯрд.
Он рӯз аз рӯи ҳисоби Рашид рӯзи нуздаҳуми ба ғор даромаданашон буд. Аз ҳаво бӯи борон меомад. Накҳати баҳор ба димоғ мерасиду дилҳоро беқорор мекард. Баҳор ба инсони озод ҳар қадар фараҳ бахшад, ба асирон ва маҳҷурон ба ҳамон андоза андӯҳгустар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё