Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Вале ин се тан ҳоло аз баҳор, аз толеъ кушоди кор таманно доштанд ва ҳавои баҳорро калиди қуфли ин зиндони
табиат медонистанд. Ҳар се тан соат мешумурданд, ки аз миёни сангу яхи дар роғе кушода мегардад ва онҳо ба якборагӣ
осмону замини азизро мебинанд, имдодталабон фарёд
мебардоранд. Вале дари ғор ҳамвора монанди девори қиёмат
сахту маҳкам ва гунгу бесадо буд.
Бачаҳо ҳоло дилпур буданд, ки аз ин зиндон сиҳату саломат раҳоӣ меёбанд. Фақат хирс ба дили онҳо андаке даҳшат
андохта буд. Ба монанди бузғолае, ки дар рӯ ба рӯи қафаси
гург бастаанд, ҳоло на дар хобашон оромие буд, на дар
хӯрокашон таъме.
– Ҷӯраҳо, – мегуфт Ҳусейн гаштаю баргашта ба шариконаш рӯ оварада, – бед гӯштро аз ях гирифта дар ягон кунҷ
руст кунем...
– Дуруст,– сухани ӯро дастгирӣ мекард Рашид, – ин гӯшт
хирса девона мекунад.
– Гӯшта нобуд карда, сонӣ худамон аз гушнагӣ мурем? –
ситезаомез боз муқобилат мекард Самеъ. – Истад...
Вале оқибат вай ба далелҳои пеш овардаи шариконаш
тан доду онҳо гӯштро аз он миён бардоштанд ва ҷойҳое, ки
асари гӯшт буд, хокистар пошиданд.
Ҳоло мавзӯи гуфтугӯ фақат хирс буд. Агар аз молдорӣ
сухан сар кунанд, дар охир ногузир моли киро хирс чи гуна
дариданашро гуфта маъюс мемонданд; агар аз боғу полез
гуфтугӯ кунанд, шабҳо зардолухӯрии хирс ё харбузаю тути заминиро чӣ гуна нобуд кардани онро нагуфта наметавонистанд. Хирс ба хобашон даромада пайваста онҳоро парешонтар мекард. Кор ба ҳадде расида буд, ки Самеъ шабу рӯз аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё