Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
вай. Чунин менамуд, ки агар ҳозир Рашид дар наздаш бошад, бо теғ ба сари вай мезад. – Агар хирс мебаромад, падарлаънат, чироға дида гашта медаромад.
– Хирс ҳолӣ намебарояд... Ҳамин ки наздик омад, ман чароға мегирам...
– Чӣ даркор ҳамун?! – гуфт Ҳусейн ҳам бо маломат.
– Дуд берун рафтос... Як кас не, як кас мебинад...
– Э...
– Ҳамин хел гапҳо чӣ даркор? – гуфт Ҳусейн аз дашноми Самеъ рӯ турш карда.
Ба миён хомӯшии гароне афтод. Ҳар се ҳам хеле вақт сукут варзиданд. Чунин менамуд, ки Ҳусейн аз ҳамҷавориаш бо Самеъ чандон қаноатманд нест. Аммо вай ҳоло иродаи инкори фикри ӯро надошт. “Барои инкор як олам далел даркор аст, – аз дил мегузаронд вай. – Мабодо фикрам хато бароядчӣ?! Не, беҳтараш дар ҳамин ҷо истодан мегирам. Самеъ хафа мешавад... Аслан, барои чӣ худама дарди сар мекунам? Ҳаминҳо ягон фикр доштагистанд-дия. Додом мегуфтанд, ки ба рафти об нигариста равӣ, пешпо намехӯрӣ. Худсарӣ чӣ даркор...”
– Хайр, Рашид, ба дилат нагир, ҷӯра... – Самеъ аз дуруштии бемавриди худ зуд пушаймон гашту мисли ҳамеша бо узр сухан сар кард: – Ту дар поёнӣ... хирса як нигар... Дасту пойҳои мо канда шуд.
– Э, безор карди-дия. – Рашид норозиёна ғут-ғут карду оҳиста аз ҳисори худ баромад. Ду-се қадам рафту аввал хам гашт, сонӣ чорпоя хазида рафт.
Самеъ ба Ҳусейн чашмак заду ба тамасхур лаб бурма кард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё