Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар аз берун фарёди гирифаи одамонро шунида ҳар се тан худро ба таҳи дар андохтанд. Баъд хавфи хирсро ҳам фаромӯш карданду ҳар се яку якбора фарёд заданд.
Баъди ду-се бора радду бадал гаштани овозҳо одамони берун кор сар карданд. Садои каланду зоғнӯл ва сангғелонӣ бараъло ба гӯши онҳо расиду аз дидагон ашки онҳо рехт. Се тан ғайрииихтиёр мегиристанду ҳар яке ба сари худ фарёд мезад:
– Мо дар ғо-оғо-оррр!
– Мо руст мондагӣ-ӣ-ӣ!
– Кушое-ед-д!
Ғурриши хирс, ки ин бор хеле аз наздик ба гӯш расид, онҳоро ба худ овард. Чашм пӯшида кушоданӣ фурсат нагузашта ҳар се тан боз дар постгоҳи худ буданд.
Хирси бӯри аламзада ғолибан аз фарёди бачаҳо ҳаросида дар талвоса ба сӯи даромадгоҳ омад. Рашид ду бари палтояшро кушода оташи чароғро панаҳ мекард ва аз роғи девор чашм наканда ҳаракати хирсро мушоҳида дошт. Аз дилаш мегузашт, ки пойҳои ғафси он метавонанд дар як лаҳза ҳар сеи онҳоро ба монади се дона тухм ба замин парчин созад.
Хирс рост ба дари бастагӣ рафт. Ду пои пешашро ба сари харсанги дар ниҳоду бо ғазаб ғуррид. Сонӣ аз як сар сангҳоро бӯй карда чунон фиғон кард, ки аз даҳшати овози он ҳама шах шуданд. Ҳатто дар берун ҳам лаҳзае корро қатъ карда гӯш доданд. Асари гӯште, ки дар қабати сангҳо буд, дарвоқеъ, чунон ки Рашид гуфта буд, хирсро девона кард: аз наъраи вай гӯё тамоми ғор меларзид.
Дар берун бо шиддат кор сар карданд. Ҳоло овозҳо равшан ба гӯш мерасид, вале хирс имкон намедод, ки бачаҳо ба онҳо овоз диҳанд. Фиғони даррандаи бечора, ки аз ғаму андӯҳ

пешина
аз 192
навбатӣ