Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва асорати беилоҷ менолид, берун будагонро ҳам дар талвоса афканда буд.
Дар ин миён пои Ҳусейн саҳл лағжиду хиширрӣ садо баромад. Хирс ба боло нигарист. Самеъ таҳдидомез шофашро ҷавлон дод. Ҳусейн досашро бардошт. Хирс бо тааҷҷуб лаҳзае ба онҳо нигарон монд ва сипас, ба ду по рост шуд. Вай якронякрон қадам монда ба онҳо наздик рафту фукашро дароз карда бӯй гирифт. Дили Рашид таҳ кашиду фоҷиаеро нигарон гашта, ба атрофаш назар андохт. Латтаи равған молидагиашро гирифта ба оташи ҷинҷароғ дошт. Ҳанӯз латта алав нагирифта... Самеъ шоф қатӣ хирсро задан хост ё Ҳусейн дар талвоса нияти дос андохтан кард, маълум набуд, вале ногаҳон як пои Ҳусейн, ки носоз менишаст, ба поён лағҷид. Хирс фурсатро аз даст надода, ҳамоно ҷаҳид.
Рашид бо даҳшат чашмонашро пӯшиду ғайриихтиёр фарёде зад. Ва сипас чашм кушоду Ҳусейнро дар камари боло надид ва девонавор латтаи даргирифтагиро ба ҷониби хирс ғурронд. Баъд ба сари хирси ваҳшатзода санг борид. Наъраи хирс, тарақотуруқи сангҳо, дуд, оташ, фарёди Рашид ҳама ба ҳам омехт...
Хирс ба дарун гурехту Рашид худро аз девор берун андохт ва сари Ҳусейнро аз замин бардошт.
– Чироға дор! – амр кард вай ба Самеъ, ки ҳушаш парешон, дар токча шах шуда менишаст. Чашмаш гоҳ ба сӯи даромадгоҳ медавиду гоҳ ба даруни ғор, ки хирс баргашта ба он сӯ рафта буд. Аз берун онҳоро ном гирифта ҷеғ мезаданд. Самеъ ҷавоб додан мехост, вале метарсид ва маслиҳатомез ба Рашид менигарист. Рашид мухтасар ба беруниён ҷавоб доду такроран ба Самеъ рӯ овард:
– Фуро, чароға дор!.. Тезтар!

пешина
аз 192
навбатӣ