Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ кори савоб мекунӣ? – ба ҷониби шарикаш нанигариста ба тамасхур савол кард Рашид.
– Чи кор мекардам?! Рост ба тарафи деҳа метозам!
– Тезтар тоз... чашми ҳама паридос... – Сонӣ аз дилаш гузашт. “Хуб, ман чӣ мекунам? Ба рӯйи очаю додом чи хел менигарам? Намедонам. Эҳ, аз рӯи ин замин давида гузаштан осон аст. Агар ба ин обу хок, ба одамон бегона бошӣ, аз ҳар чӣ осон аст... Ман мебарояму... синаама ба хоки замин монда, хоб мекунам... Ба осмон серӣ менигарам, ба рӯйи одамон менигарам... Ана, дигар гап не”.
1977–81.

Ҳ И К О Я Ҳ О

ШАРИФ-АМАК ВА МИХАИЛ ПОТАПИЧ

Ману Шариф-амак бору бунаамонро баста, бо ду асп ба Ҳаводара омадем. Дар ҳамин ҷо вай лақаби “Михаил Потапич”-ро гирифт. Мардуми рус ба хирс лақаби бисёре додааст:
“Топтигин, Хӯҷаин, Мишка, Михаил Потапич, Каҷпой ва ғайра”. Шариф-амак солҳои зиёд ҳамроҳи коргарону инженерони рус кор карда, лақаби хирсро ба русӣ шунида будааст, аммо ман намедонистам.
Пеш аз он ки воқеаи “Михаил Потапич”-ро гӯям, бояд шуморо бо сои Ҳаводара ошно кунам, зарур аст, ки дар ҳаққи Шариф-амак ду-се сухан гӯям. Сонӣ сабаби лақаб гирифтани ин одамро ҳикоя мекунам. Ман таноби гапро дароз карда, ҳамаро дилгир намекунам.
Шариф-амак ба қавли худаш, одаме, ки умраш бо кӯҳканӣ гузаштагӣ. Аз солҳои сиюм боз дар идораи геологӣ кор мекардааст. Чандин сол боз сардори дастаи кӯҳтарконҳост. Афту андоми Шариф-амак-ро дида ҳеҷ кас намегӯяд, ки синни ӯ зери шаст. Мӯяш сафед нашудаст. Аслан мӯи зиёд ҳам надорад — тунукмӯю камриш, ҳатто қариб кӯса. Зимистону баҳор мӯйсару ришашро худаш бо як покуи кӯҳнааш метарошад. Марди резаҷусса, борикрӯй, чашмонаш ҳамеша ба кас хушҳолона хандида менигаранд; рӯяш чӯтур набошад ҳам, бар асари оҷинг бошад ё дигар чиз чӯтурнамо барин; вай ҳамеша ба коре овора, нафасе ёнбош карда хобидани ӯро касе надидааст. Ӯро фақат дар бистари хоб осуда медиданду баъзеҳо бо шӯхӣ, баъзеҳо бо истеҳзо: “Шариф, дар ҷогаҳ чӣ хел

пешина
аз 192
навбатӣ