Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

наҷунбида хоб мекунӣ-а? Боварии кас намеояд!” мегуфтанд.
Дар ҳақиқат, доиман дар дасти ин одам анбӯр, сим, мех, сӯзану ришта, дарафш... Абзори аспҳоро медӯзад, мӯзаҳоро дарбеҳ мекунад, наъли часпак мезанад. Агар дар ҳар пои мӯза даҳтогӣ наъли часпак набошад, ба кӯҳ баромадану фаромадан азоб, пой мелағҷад. Шариф-амак бекор намешинад, чодари даридагиро медӯзад, лингаҳоро дарбеҳ мезанад — хулласи калом, рӯзгори калони ластаи маъданҷӯёнро дар ҳар куҷо басаришта медорад.
Пеш аз ба Ҳаводара омадан, ҳамроҳ аспҳоро наъл задем.
Кори саҳл набудани наъл задани аспро ҳамон рӯз мутаваҷҷеҳ шудам. Суми аспро тарошидан, мехҳои наъли кӯҳнаро аз пояш гирифта, мехи нав задан, шири аз модар хӯрдаи одамро аз биниаш меовардаст! Шариф-амак мегӯяд, ки асп дар кӯҳ бенаъл ҳеҷ раҳ гашта наметавонад. Ман гуфтам:
— Хайрият, ки ин кор аз дасти шумо меомадаст, вагарна дар ин кӯҳистони бекас аз куҷо устои наълзан меёфтанд?! — гуфт Илҳом ба сумҳои наълкӯби асп бо завқ нигариста. Ӯ фахр мекард, ки дар ин кор саҳми вай ҳам ҳаст.
— Э-э, ҳамин қадар наъл мезанам... — даст афшонд саркор. — Ҳазл не, чордаҳ асп! — Абзорашро дӯхтаю баста меистам, майда-чуйда — ҳама корашонро саришта мекунам, аммо як пул ҳақ намедиҳанд. — Ҳасрат кард Шариф-амак.
Ман пай бурдам, ки ӯ ин шикояти худро борҳо ба дигарон ҳам гуфтааст, аммо натиҷае нагирифтааст.
— Хайр, ҳеҷ гап не, амак, ғам нахӯред. Ин ба ҳисоби корҳои ҷамоатӣ.. Ана, ман газетаи деворӣ баровардам, ҳақ талаб накардам-ку! — ӯро таскин додан хостам.
— Кори ҷамоатиро бепул будааст-чӣ?! Охир, ин кор меҳнат аст, додар! Одамоне ҳастанд, ки бепул латифа ҳам наме-

пешина
аз 192
навбатӣ