Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гӯянд!
Ман ҳамроҳи ин одам кор карда, хеле чиз омӯхтам, воқеаҳои аҷиберо аз сар гузаронидам. Воқеаи ” Михаил Потапич” ҳам, ки дар Ҳаводара рӯй дод, ҳодисаи шуниданӣ.
Ҳаводара як сои танг аст, дар баландии кӯҳи ба абрҳо ҳамшафат. Ба ин ҷо фақат пиёда омадан мумкин буд, аммо Шариф-амак ду рӯз кофтуков карда, роҳи асп мегузаштагӣ ёфт, ё дурусттараш сохт. Он ҷойҳое, ки асп гузашта наметавонад, кофтаст, санг партофтаст, ёнаҳои хатарноки кӯҳро канда, поғунда сохтаст, чарх зада гузаштаст... Худи Шариф-амак ҳам бо ин роҳи сохтагиаш то ба Ҳаводара расидан калимаашро гардонда омад. Дигар илоҷ надоштем. Бе асп биёем, азобамон сахттар мегашт. Аз ин қадар роҳ динамит – моддаи таркандаро кашонда бурдан чӣ маънӣ дорад, фақат одами дар ин ҷойҳо кор кардагӣ медонад.
Ба Ҳаводара расидему ману Шариф-амак барои бошишгоҳамон аз сой қариб сесад метр баландтар майдончаеро интихоб кардем. Дар он ҷо чашмае будаст, ман зуд кофтам, обаш шилдирросзанон равон гашт.
— Аввал чодирро кашида, чизу чораро саришта кунемчӣ?
— Э, муаллим умри тура беҳуда хазон кардааст! Ба ман нигар, чанд сол хондӣ?
Агар таъбаш хуш бошад, Шариф-амак ҳазлу шӯхӣ сар мекард. Аксар агар кори хато ё андешаи беҷои ӯро фаҳмад, ба муаллимон дармеафтод. Гӯё ҳама корро ба бачаҳо дар мактаб муаллим меомӯхта бошад. Дар ингуна маврид ман ҳам паст намеомадам:
— Муаллимон ба ман чизҳои муҳимро тадрис карданду гуфтанд, ки майда-чуйда ҷонибиашро Шариф-амак ёд

пешина
аз 192
навбатӣ