Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Шоҳону шоҳзодагон дар орзуи дидори ҷонфизои ӯ буданд. Водарег чил кокулашро зери телпак пинҳон карда сару либоси сиёҳу ниқоби сиёҳ пӯшида ҷанг мекард. Чил рӯз беист меҷангиду баъди ин чил рӯз ба хоби паҳлавонӣ мерафт. Писари вазир, ки аз ин хабаре надошт, лашкари бешумори подшоҳро дида дилаш ваҳм карду худ ба худ гуфт: «Ман худамро ба доми аҷал задам, як кас бо ин қадар аскар чӣ хел метавонад ҷанг кунад?!»
Вазирзода дар ҳамин хаёл буд, ки Водарег масолеҳи хӯрок оварда ба пеши ӯ монду гуфт:
— Ман ба ҷанг мебароям, бегоҳ як оши палави кори калон пухта мемонӣ.
Вазирзода хуб гуфту аз паси кор шуд. Водарег ба ҷанг даромада, дар байни чанд соат нисфи зиёди аскарони подшоҳро қир кард.
Вазирзода дасту остин барзада бо ҳавсалаи тамом як дег ош пухту ошро дам партофта сиёҳпӯшро нигоҳ карда нишаста буд, ки як дев омад: худаш як ваҷабу ришаш сад ваҷаб.
Омаду аз вазирзода пурсид:
— Камтар хӯрок надорӣ, ки бисёр гурусна мондам.
Вазирзода, ки чашмаш ба роҳи сиёҳпӯш буд, гуфт:
— Рав, аз дег як кафгир ош гирифта хӯр.
Дев ҳамаи ошро хӯрда дегро чаппа карда монду рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё