Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дев ба ошхона даромада буд, ки Водарег аз пасаш даромада дари ошхонаро пӯшиду гардани девро бо шамшер зад, каллаи дев аз танаш ҷудо шуд, калла.

-- Ҳоло мебинӣ! Ҳоло мебинӣ! – гуфта риши садвачабааш аз думаш кашол ғелида баромада рафт.

Водарег аспро савор шуда аз паси калла равон шуд.

Каллаи дев ғелида-ғелида ба таги як санги хона барин калон даромада рафт. Водарег гашта омада ошу обро тайёр кард, вазирзода аз ҷанг гашта омад, обу ошро хӯрданд.

Сиёҳпӯш ба асп савор шуда вазирбачаро ҳамроҳаш гирифта ҳар ду ба пеши ҳамон санг рафтанд, ки дев ба зераш рафта буд. Водарег ба вазирзода гуфт:

-- Бародар сангро гирифта парто!

Вазирзода ҳарчанд зӯр зад, сангро аз ҷояш ҷунбонда натавонист. Водарег аз асп фаромаду бо як зӯр задан сангро гирифта ба як тараф партофт. Нигоҳ карданд, ки таги санг як ҷоҳи бетаг. Водарег камандро ба миёни вазирзода баста ба чоҳ фаровард. Вай ба нисфи чоҳ расида буд, ки доду фарёдаш баромад:

-- Сӯхтам! Пухтам! Каш!

Водарег ӯро кашида гирифту камандро ба миёни худаш баста гуфт:

пешина
аз 44
навбатӣ