Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Дасти подшоҳони ғоратгар, ҳар гуна дуздону роҳзанҳо будааст.
Вазирзода инро шунида ҳайрон шуд ва баъд:
— Дареғо, сад дареғо, бахту саодатам аз пеши мани нофаҳм рафтааст! — мӯзаи кашидаашро пӯшиду шитобон баромада рафт.
Рафта-рафта ба ҳамон дуроҳае, ки бо Водареғ вохӯрда буд омаду сӯи роҳе, ки Водареғ рафта буд, ҳафт шабу ҳафт рӯз дам нагирифта, асп давонда ба ҷое расид, дид, ки чандин ҳазор гӯсфандро чӯпонҳо чаронида гаштаанд. Аспашро боздошта аз онҳо пурсид:
— Ин гӯсфандон аз они кӣ?
— Аз они Водареғ, — шунид дар ҷавоб.
— Ҷои зисти Водареғ дар куҷо, Шумо медонед? — пурсид вазирбача.
— Не, мо ҷои зисти вайро намедонем. Аммо вай ҳар ҷил рӯз як бор омада, аз аҳволи мо хабар гирифта меравад, мо аз тамошои ҳусни ӯ лаззат бурда мегардем, — гуфтанд чӯпонҳо.
Вазирзода боз ҳафт шабу ҳафт рӯз асп давонда, ба ҷое расид, ки галаҳои уштуру асп чарида гаштаанд. Аз галабонҳо пурсид:
— Ин галаҳо аз они кист?
— Аз они Водареғ, — гуфтанд ба ӯ.
— Ҷои зисти Водареғро намедонед? Галабонҳо гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё