Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа
Машаққат будани ӯро тасаввур намуд. Тамоми шаб Эраҷ ҷанги девонро хоб дид. Дар ин ҷанг худро гоҳ дар саҳрои пур аз оташ, гоҳ дар пушти симурғи афсонавии парвозкунанда, гоҳ бо дев даст ба гиребон, гоҳ дар даруни ғор ва дар болои кӯҳ медид ва гоҳ дар ҳаво парида мегашт.
Пагоҳ аз хоб бедор шуд, аммо асирии падараш аз ёдаш намебаромад. Вай барои халосии падар ба ҷанги девон рафтанро мақсади худ қарор дода, аз ҷояш хест, шамшерро гирифта ба миёнаш баст ва ба модараш гуфт:
-- Хайр, модари азиз, ман рафтам.
Модараш ва ҳамсоягон гумон карданд, ки Эраҷ мисли ҳарвақта ба шикор меравад.
-- Хайр, саломат бозгард! Шикорат бобарор шавад. Мунтазирем, ки аз шикор зуд бозмегардӣ! - гуфтанд онҳо.
Эраҷ хандид ва аз ҷбини модараш бӯсида, ба аспи худ савор шуду ба тарафи саҳро ронд.
Чанд шабу рӯз кӯҳу саҳроҳоро тай карда, ба лаби чашмае фаромада дам гирифт. Ӯ ғарқи хаёл нишаста буд, ки ногоҳ дар доманаи кӯҳ пирамардеро дид. Эраҷ хеста ба назди ӯ рафт. Пирамард ба Эраҷ эътибор надод, ӯ зери лаб дуо мехонд. Эраҷ бодиққат ба рӯи ӯ нигарист: хушсурат ва баландқомат буд. Эраҷ салом дод. Пирамард сар бардошта, ҷавоби салом доду пурсид:
-- Ба куҷо меравӣ ва аз куҷо меоӣ?
-- Ман сайёҳ ҳастам, сайругашт мекунам, - гуфт Эраҷ, - вале ман мехостам донам, ки шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё