Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Агар ҳам бас талх мегирям ва хуни дил мехӯрам, он худ шукр аст, шукри рафтани Ту.
Омадӣ, боз омадӣ. Чаро омадӣ? Пиндоштӣ, ки бо баҳор муҳаббати мурдаи Ту дар дили ман зинда шудааст? Не, дар ин диёр ҳар чӣ мемирад, дигар зинда намешавад, агар на як баҳор, балки сад баҳор биёяд ва ҳам он Ёр биёяд.
Медонам, Ту, эй Ёр, аз ин ҷудоӣ шодӣ. Ба шукри он ҳама таронаҳои маро бо он номаҳои меҳрбор дар оташи наврӯзӣ сӯхтӣ ва баҳорро хуш, бо хандаи зебо пазируфтӣ. Аммо ҳеҷ бовар надорам, ки як рӯз хушбахтӣ ба суроғат меояд, чун мебинад ман аз ғам хун мехӯраму об аз дидагон мерезам ва дарро ба рӯи ҳама мардуми олам мепӯшам.
Гуфтӣ: «Меҳр дар чашм аст». Гуфтию рафтӣ. Ва ман Туро, эй меҳри оламтоби ман, пас аз он надидам, агарчи бо ҳазор оина рӯ ба рӯ шудам.
Меҳр, гуфтӣ, дар чашм аст. Пас чаро, эй меҳри оламтоб, Туро на дар чашм ёфтам, на дар дил?
Дар ин як фасли бас зебои баҳор аз Ту, эй зеботарин Ёри ҷаҳон, ҷудо шудам. Оре, бо ҷону дил чун инро мехостӣ. Ва дидам, ки абрҳо гиристанд. Ва дидам, ки офтоб хандид. Агар аз гиряи ману хандаи Ту олам зебову зиндагӣ ширин мешавад, ба шукри ин ҷудоӣ ҳам як ниҳоли бедро дар назди хонаам менишонам ва таронаи хушбахтиро мехонам.
Ту худ сарсабзии ниҳоли меҳрро нахостӣ. Аммо пеши мардуми олам, эй меҳри тобони ман, аз баҳор шиква бурдӣ. Дигар онҳо ҳам ба омадани ин фасли шукуфоӣ ва сарсабзӣ умед намебанданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё