Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ба Ӯ бовар бикунед. Охир, умри ҷудой бас дароз буд ва маро аз ёд бурдааст.
Башорати омадани Туро, эй Ёр, гулҳо ба ман доданд. Ва дидам офтоб низ бас шод буду механдид. Аммо агар биёию бигӯй, ки маро намешиносӣ, ба Худо, гулҳо бо офтоб дар хиҷолат мемонанд ва маро бадбахттарин дилдодаи ҷаҳон мехонанд. Оҳ, дар баробари он хандаҳои зебо ман наметавонам баъд бигирям.
Чаро имрӯз бас зебо омадӣ? Мехостӣ, ки барои ҳазор гуноҳе, ки ҳам номи ҳеҷ якеро намедонам, узр бихоҳам?
Муҳаббати Ту маро аз зулмат берун овард ва бо рӯшноӣ ошно сохт. Ва пас аз он рӯи зебои зиндагиро дидам ва донистам, ки то ба замони фаро расидани марг ман на шукри Туро, на муҳаббататро, на рӯшноӣ ва на зиндагиро андаке ҳам наметавонам ба ҷо биёрам. Ва агар Ту ин гуноҳи бузурги маро набахшӣ, ин бор зулмат ҳама дарҳои худро ба рӯям мекушояд ва чун як зилзилаи бузург садоям мекунад. Ва барои касе, ки зулматро пас аз шинохти рӯшноӣ ва дидани рӯи зебои зиндагӣ дармеёбад, бигӯ он рӯзи растохез чӣ гуна хоҳад буд?
Медонам, Ту дигар Ёри ман нестӣ. Ва гулҳоро низ бо як табассуми ширин шод намегардонӣ. Аммо чаро суроғи маро аз оби равони ҷӯ мегирӣ ва дар чашмаҳои бас софу покиза мехоҳӣ рӯямро бибинӣ?
Офтоб дигар ҳеҷ гоҳ барои Ту намегӯяд, ки рӯзе барои ман рӯшанию гармӣ бахшидааст ва чеҳраи зебои хандонашро нишон додааст. Аммо аз хун шуданҳо ва ниҳон гаштанҳояш ҳикоят мекунад. Агар Ту ба ӯ низ бовар накунӣ, моҳтоб бо он ситорагон ин нерӯро намеёбанд, ки ҳақиқати бас талхи рӯзгорамро бароят бигӯянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё