Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ба он бинигарад. Ва ҳам Ёр шуморо аз ёд бурдааст ва ин як ҳақиқати ширину бас талхро ба он ҷавон гуфтааст.
— Ба сазои ин дурӯғе, ки гуфтӣ, дигар ҳеҷ гоҳ аз ту гулеро намехарам.
— Чаро ноумед мешавӣ? Саҳар биё, ман ҳама гулҳои садбарги сурхи шаҳрро бароят ҷамъ меорам. Ту онро мебарӣ ва пеши пои он Ёр мерезӣ ва мегӯӣ: «Тӯҳфаи духтараки гулфурӯш аст ва бо ин чун гулҳо шукуфтани Туро табрик мегӯяд». Он гоҳ Ӯ дармеёбад, ки дар ин чӣ ҳақиқати талхе ниҳон аст ва чашмаш пуроб мешаваду ҳама умр аз ту, эй ошиқи бадбахт, ёд меорад ва гули садбарги сурхро бештару бештар дӯст медорад.
— Намегӯй, эй духтараки зебо, ки ин роҳ маро ба куҷо мебарад?
— Ин роҳ ҳеҷ поён надорад. Аммо агар суроғи хонаи он Ёрро, ки ба гулаки наврӯзӣ монанд аст, аз ман мегирӣ, дар таги он пораи абри сафед аст.
— Чӣ гуна дарёфтӣ ман хонаи Ӯро суроғ дорам?
— Пештар аз ту ҳазор ҷавони дигар аз ман суроғи хонаи он Ёрро гирифтанд. Ва имрӯз ҳама медонанд, ки ҳар ҷавоне ба ин диёр меояд, ба хотири Ӯ, ба хотири ҷашни арӯсии Ӯ меояд.
— Пас барои чӣ ту дар ин роҳ нишастаӣ ва намехоҳӣ дар хонаи он Ёри зебо ва ҳамдиёри худ бошӣ? Мебинам, ҳам монандӣ ба Ӯ дорӣ.
— Рӯзе пештар аз ин Ӯро бурданд. Ва ба Худо, ман бештар аз ту дӯсташ медоштам. Ҳамин ҳолӣ хоҳари зебои Ӯ аз хонаи он ҷавон, ҳамсари Ёри мо, меояд ва бо табассуми ширин мегӯяд: «Ин саҳар ба хушнудӣ офтобро истиқбол кард ва хушбахтиро аз рашк сӯхт». Агар он гоҳ ман бигирям, ту сари маро дар канор бигир ва бо дастрӯмоли худ оби чашмамро пок бикун, то Ӯ бупиндорад, ки чунин як рӯзро аз Худо мехоҳам.
Ман ба расми ошиқони қадим чароғро аз хона бадар бурдаму куштам. Агар Ту наоию онро, хонаи бас торикамро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё