Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Назар дорам, фурӯзон накунӣ, дигар хуршед аз тарс тулӯъро аз ёд мебарад ва моҳ аз пушти абрҳо рух наманамояд ва як ошиқи содиқат наметавонад нимаҷони худро бо муҳаббат бароят нисор бинамояд.
Ман дар ин як рӯзи муқаддас, ки ҳама ёронат ҷамъ омадаанд, барои Ту, эй Ёр, муҳаббат, танҳо муҳаббат мехоҳам, агарчи медонам Худо онро насибат намегардонад ва бо ин як хоҳиш маро аз душмани худ мехонӣ ва аз шумори ёрон мебарорӣ.
Бечора қалам дар дасти ман мегиряд. Оре, замоне, ки барои Ту, эй Ёр, тарона менависам. Ва маро ӯ дар рӯзи қиёмат ҳам намебахшид, агар намедид, ки ман бештар аз ӯ бароят мегирям. Аммо чун Ту меоӣ ва рӯ ба рӯи мо ширин механдӣ, аз қалам, аз тарона ва аз худ бо он ҳама гиряҳои талх шарм медорам ва мебинам ҳама олам хушбахтанд ва аз хушбахтӣ мегӯянду менависанд.
Гуфтӣ, ки шоири ғамҳоям. Ва чаро намегӯӣ, ки шоири ғамҳои Ту? Оре, шоири ғамҳоям, ғамҳои Ту, агарчи ҳеҷ намехоҳӣ ҳатто як шеърамро ба хотири ин дили ғамзадаам бихонӣ. Ва ҳам онро ман бар касе дигар намехонам. Метарсам, ки ба ғамҳоят ошно мешаванд ва ман онҳоро аз даст медиҳам. Он гоҳ ба ин нодорӣ Ту бо оламе ба ман механдӣ ва хушбахтиро аз нимароҳ мегардонӣ.
Гуфтӣ баҳори ноз меояд. Аммо наомад. Ба Худо, меомад, агар намерафтӣ, ба он диёри сангини худ намерафтӣ.
Ба шодиҳои худ маро шоҳид гирифтӣ ва хитобам намудӣ, ки эй шоири ғамҳо, баҳори ноз меояд, бо муҳаббат боз меояд. Агар бигӯям баҳори ноз наомад, муҳаббати Ту маро барои ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё