Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Чун дарёфтам, ки ман он шоири ғамҳо нестам ва ӯ ҷавонест саодатро оина намудааст, гиристам. Ва ба худ гуфтам: «Туро он Ёр умед ҳам набахшид». Ба Худо, он гоҳ шоириро аз ёд бурдам ва ғамро пушти по задам, аммо он шеъри Ёрро, ки ба шоири ғамҳо хитоб мекард, ҳазор бори дигар хондам ва орзу намудам, то он шоири ғамҳо ман бошам.
Дигар барои Ту намегирям, агарчи расми хандиданро аз ёд бурдаам. Ба офтоб, ки аз саодати рӯзҳо ҳикоят мекунад, менигарам ва ба он гӯш медиҳам. Ва аз моҳ афсонаҳои ширини шабҳоро мешунавам ва дар ёд мегирам. Он гоҳ аз ин ҳикоят ва афсонаҳои ширин ва ҳам бемеҳрии Ту таронаҳои зебо меофарам ва ба фарзандонат, ки фардо чун ман ошиқ мешаванд, тақдим мекунам. Ба Худо, он гоҳ наметавонӣ дӯстам надорӣ ва назди муҳаббатам сари таъзим фуруд наорӣ, агарчи пас аз моҳе мебинӣ, ки сабзаҳои рӯи гӯрам пурдардтарини таронаи ҳастиямро бароит мегӯяд.
Ту, ки боре ашки як ошиқи ҷигарсӯхтаро сари мижгон надидаӣ, чӣ гуна метавонӣ бовар бикунӣ зиндагӣ ба ишқ зебост, на бо кохи пурҳашаму сарвати зиёд ва дилҳои сарду хандаҳои бӯрӯҳ.
Як рӯз, ки маро ғамгин дарёфтӣ, барошуфтӣ. Оҳ, агар медидӣ, ки ман ҳазор сол барои Ту гиристаам ва муҳаббататро хостаам, чӣ мекардӣ?
Эй дилсардтарин Ёри ҷаҳон! Аз он кошонаи ҳастии Ту чӣ касе оташро бурда ва ҳеҷ аз ин як ҳақиқати зиндагӣ рӯзе ёд наёварда? Агар онест, ки расмашро моҳе пештар дар оташи ҳамсояи мо сӯхтӣ, бидон, ҳам аз он хона дигар хокистаре ба ёдгор намонда. Ва агар ҷавонест, ки дар хоки тираву сард хуфтаасту ба зиёраташ соле ба як бор меравӣ, замин як рӯзи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё