Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Ин як гули зебои хандонро Ёр овардааст, то хандаҳои Ӯро аз ёд набарам ва бигӯям, ки он меҳрубону дилу ҷони ман зеботар у ширинтар аз ҳама гулҳои ҷаҳон механдад, балки расми ҳандиданро аз ӯ омӯхтанд.
Замона гиряҳои фироқро ба ман омӯхт. Ва дарёфтам чаро он Ёр пеш аз он як сафар ин гули зебои хандонро рӯ ба рӯям гузошт ва бароям бахт хост.
Онеро, ки ман дӯст медорам, шумо ҳеҷ наметавонед, бубинед. Агар боз ҳазор таронаи зебо бароиш бигӯям ва ба он ҳусне, ки дорад, тасвираш бикунам, ба Худо, Ӯро намешиносед. Мехоҳед номи муборакашро бар забон биёрам, аммо дилам намегузорад. Метарсам, ки Ӯро баъд садо мекунед ва ҳама садоятон, чун ошиқи содиқ нестед, бас нохушоянд аст.
Имрӯз, эй духтараки зебои гулфурӯш, интизор дорӣ, ки ҳама гулҳои бас тару тозаи Туро мехарам ва барои он беҳтарин Ёр мебарам? Ба Худо, рӯзе пештар аз ин Ӯ оламро тарк гуфт ва дар дили хоки бас сарду тира хуфт. Дигар барои ман ҳама умр Наврӯз як рӯзи мотам аст. Аммо, агар ҳам дилам хун гаштаву чашмам пуроб, Ту ҳамчунон биханд ва умед бибанд, ки ман дар ин рӯз меоям ва ҳама гулҳои бас тару тозаатро мехарам. Оре, рӯи гӯри он Ёри беҳтаринам, ки ҳам ишқ ба Ӯ ошиқона рашк мебурд, мегузорам.
Гавҳари бас қимати меҳри маро он Ёри номеҳрубон имрӯз шикасту гуфт, ки Наврӯз аст ва як гули хандонро ба дастам дод.
Маро имрӯз Ӯ аз ҷудой тарсонд, дар ҳоле ки ҳеҷ гоҳ бо ҳам набудем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё