Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ту ки он рӯз омадӣ, ҳама аз ишқ гуфтӣ, ҳама аз вафо гуфтӣ. Ва ман ба эҳтироми ишқ, ба эҳтироми вафо ва гуфтори зебоят гавҳари вуҷуди худро, ки дигарон дилаш мехонанд, ба Ту бахшидам.

Имшаб он гавҳари бас қиматамро дар раҳгузори мардони шаробхора шикаста дидам ва ишқро дар ҳама олам хору вафоро дар озор. Аммо як даста гули наврӯзиро дар миёни об гузоштам, то ҳамчунон ба тароват ва нағҳаташ онро фардо, ки рӯзи дигарест, барои Ту, эй Ёри беҳтар аз ҷонам, бубахшам.

Агар ба ҳақиқат бигӯям, ки дӯстат намедорам, медонам, ҳама гулҳои дастатро дар ин оби равон меафканӣ ва дармеёбӣ дар ин ҳазор сол ман Туро фирефтаам. Он гоҳ дигар оби чашму андӯҳи дилат ба имдодат намерасад ва бовар мекунӣ, ки мардум ба фиреби меҳр хушбахтиро оина медиҳанд.

Мегӯям, ки дӯстат медорам. Забони ман ба дилам сохтааст. Пас аз ҳазор сол ҳам Ту ин фиреби зебои маро дарнамеёбӣ ва мегӯӣ, ки оламе ба ҳастӣ ошиқона менигарад. Он гоҳ ба шодмонӣ гулҳои хонаатро об медиҳӣ ва то ба рӯзи қиёмат ёдам меорӣ ва бароям бахт мехоҳӣ, агарчи бахт дар ин ҳол барои мо мегиряд.

Бирав, бо он шоири ғамҳои худ бирав. Ман дигар онеам, ки ба шоирӣ падруд гуфтаам ва ғамро пушти по задаам. Дигар ин забонам ҳам намегӯяд, ки Туро дӯст медорам. Ва ҳам ба Ёри беҳтарини ҷаҳон хитобат намекунам. Замоне, ки ҳам шамолаки форам бивазад, ба номат гул намечинам ва ба Наврӯз табрикат намегӯям. Аммо, агар Ту ба рағми ман наравӣ ва биёию ба чашмонам бинигарӣ, дармеёбӣ, ки дурӯғ мегӯям ва ба ҷону дил дӯстат медорам.

пешина
аз 210
навбатӣ