Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Бепоён худро хушбахт мешуморӣ, ки бо ман напайвастию аз марди берӯҳ бо овозу симои рақиб барои ҳама умр растӣ.
Он рӯз Ту рӯ ба рӯи ман нишастӣ, аммо дар паҳлӯи дигаре. Ва бори аввал тавонистам ин ҳақиқатро аз нигоҳат бихонам, ки ӯро дӯст медорӣ. Аммо дилам нагуфт, ки аз он дам чун душман омадӣ, агарчи ба номи як дӯст бас ниҳону беовоз маро куштӣ.
Ману Ту дар он рӯзи бас хуши офтобии баҳори файзбор сурат гирифтем. Ба Худо, ба ёд биёр, ки офтоб чашми моро мезад, агарчи ба нишастан майл дошт. Ва пас аз он ҳам бе ин ки бар якдигар «Хайр!» бигӯему видоъ бикунем, ҷудо шудем. Агарчи аз умри ин ҷудоӣ ҳазор сол гузашта, лаҳзае аз суроғат фориғ нестам. Мехоҳам аз он сурат якеро Ту ҳам дошта бошӣ ва гоҳ-гоҳ ба диданаш ёд биёрӣ, ки замоне бо ҳам будему дар осмон офтоб медурахшиду дар баҳори хуррам умедҳои нек барои Туву худ доштам.
Оҳ, агар Туро биёбам ва Ту марову худро дар он сурат нашиносӣ ва бигӯй: «Ба Худо, ба фарзандони ман монандӣ доранд».
Савганд ба рӯзҳои офтобие, ки дар он бо ҳам будем ва ҳама аз ишқу муҳаббат мегуфтем, ҳамчунон дӯстат медорам ва сурати зебову дилрабоятро дар миёни дафтари таронаҳои пур аз меҳрам гузоштааму рӯзе бар он сад бор менигарам. Агарчи оҳи сард аз дили пурдард намебарорам, боре ба ёди беҳтарин лаҳзаҳои зиндагӣ талх ва бо алам мегирям. Дар он дам мебинам, ки бо кӯза барои оби чашма меоӣ.
Ману Ту то ба дуроҳа бо ҳам рафтем. Пас аз он бо хушбахтӣ ва бадбахтӣ рӯ ба рӯ гардидем. То ки насиби Ту хушбахтӣ шавад, ман бадбахтиро бо худ гирифтам ва ҳеҷ нахостам аз он қадре бароит бибахшам. Ба рағми ин нагузоштиям, ки боре дар оинаи хушбахтӣ худро бубинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё