Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз авсофат хомӯш бошад. Оре, чун Туро Худо низ бад-он зебоӣ бас дӯст медорад, зориямро мешунавад, илтиҷоямро мебинад ва дуоямро мақбул мегардонад.

Агар он ҳазор дилдодаи Ту бидонанд, ки маро, танҳо маро дӯст доштаӣ, ба Худо, аз рашк мемиранд. Аз ин рӯ, эй Ёри беҳтар аз ҷон, то ба рӯзи қиёмат ин сирро ниҳон медорам. Ва ҳам, то ки ба худ нагӯям, ба бехудӣ зиндагиро ба сар мебарам.

Баҳор ба ман гуфт, то дар рухи Ту офтоби дурахшонро бубинам ва дар ниҳоли қоматат гулҳои зеборо. Ва ман ӯро бад-ин башорат дӯст доштам, агарчи дарёфтам, ки аз дилдодагони Туст.

Ҳазор сол пеш хонаи дӯстро меҷустам. Ба Худо, агар бигӯям, ки имрӯз дар хонаи он дӯстам, ҳеҷ кас бовар нахоҳад кард. Наметавонам хомӯш бошам ва ин башоратро надиҳам. Охир, оне, ки хонаи дӯстро ёфтааст, чӣ гуна метавонад хомӯш бошад? Оре ва ҳам чун медонад ҳама дар ҷустуҷӯи хонаи дӯстанду ҳеҷ намеёбанд.

Осмонро дар диёри ҷонон бас соф ёфтам. Ва бори аввал буд, ки ман онро дӯст доштам. Ситораҳо ошиқона медурахшиданд ва бас зебо ҷилва мекарданд. Кӯҳҳои баланди пурбарф дар ин фасли баҳори пур аз гул ҳама даст шуданд, то ситора бигиранд ва ба ҷонон ба армуғон бибаранд. Ва арӯсони сабзпӯш медиданд, ки ин дастҳо бас кӯтоҳанд ва ширин табассум менамуданд.

Чӯй шоирона тарона мехонд ва ҳеҷ парво надошт, ки ӯро ҳама гӯш намекунанд. Сангҳо ҳама дар ҳоли ҳайрат буданд. Шамолак бо дили саршор аз меҳр бас форам аз ҳастии худ башорат медод.

Ба Худо, замоне ки хостори моҳ шудам, онро дар осмон надидам ва ба дилам андӯҳ роҳ ёфт. Оҳ, агар об аз дидагон

пешина
аз 210
навбатӣ