Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳеҷ натавонистам баҳорро чун Ту зебо бубинам ва ҳам он гуна ки ҳаст, васф бикунам. Туӣ, танҳо Туӣ, ки дар баҳор ҳазор рангро мебинӣ ва ҳазор наҳҳатро мешумурӣ ва ҳазор оҳангро мешунавӣ ва ҳазор гулро дар оғӯш мегирӣ.

Туӣ, танҳо туӣ, ки аз офтоб бо меҳри саршор ва гармии дил ва нури вуҷуд сухан мекунӣ.

Туӣ, танҳо туӣ, ки асрори муҳаббатро барои оламе мегӯӣ ва башорат медиҳӣ, ки Наврӯз омада.

Туӣ, танҳо туӣ, ки дилҳои хуфтаро бо тараннуми ин ҳастӣ ва зебоӣ бедор месозӣ ва дилҳои мурдаро зиндагӣ мебахшӣ.

Барои Худо, мо ин нерӯро надорем, мо ин ҳақро надорем, ки аз баҳор бигӯем, аз Наврӯз бигӯем ва Туро, ки ягонаи даврони, бо ин ҳар ду ва ҳазор-ҳазор башорат табрик бигӯем. Агар Ту моро табрик бигӯӣ, аз нав эҳё мешавем ва дар ҳама зиндагӣ Туро васф мекунем ва ситоиш менамоем ва Ишқро, Зебоиро, Ҳастиро, Баҳорро, Наврӯзро гиромӣ медорем ва ҳар рӯз ҷашн мегирем.

Номаҳои Туро, эй Ёри ягона, дар оташи наврӯзӣ намесӯзам. Худро месӯзам ва ҳазор гуноҳеро, ки пеши Ту кардаам. Агар он гоҳ ҳам Худо маро бубахшад, номаҳои Туро бо муҳаббат мебӯсам, ба чашмони пурашкам мемолам ва дар равоқи баланди хонаи зебои дилам ҷой медиҳам ва худро бо ин ганҷи бебаҳо доротарин мардуми олам мехонам.

Дилам дигар намегиряд. Чашмонам нам надорад. Аз зиндагӣ розиям. Ишқро беҳтарин атои Худо мехонам. Аммо намедонам Туро чӣ гуна шукр бигӯям, ки бад-ин подшоҳӣ аз Ту расидам.

Худоро зорӣ мекунам, илтиҷо менамоям, то чашмам ҳамеша Туро чунин зебо бубинад, то дилам ҳамеша шукри ишқатро ба ҷо биёрад ва поям ҷуз кӯи Ту роҳеро надонад ва гӯшам ғайр аз ту аз ҳеҷ кас сухан нашнавад ва забонам лаҳзае

пешина
аз 210
навбатӣ