Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Оҳанги қадимаеро менавохт ва суруди наверо мехонд. Ва ҳам аспе расанро канда буду ба ҷилваи рангинкамон медавид.
Ва ман пас аз замоне дарёфтам, ки Туро барои умре аз даст додаам, аммо он лаҳза, ки як шаби торики бе моҳу ситора буд, чароғро куштам ва дигар фурӯзон накардам.
Чаро имшаб ҳама хомӯшанд? Овози муаззин ҳам баланд намешавад. Садои гиряи тифле ба гӯш намерасад. Ва ноқус аз ҳастии худ гувоҳӣ намедиҳад. Агар Ӯ, Ёри бас азизи ман, мехоҳад бигирям, ба Худо, то ба рӯзи қиёмат об аз дидагон мерезам ва хуни дил мехӯраму фарёд бармедорам ва гувоҳӣ медиҳам, ки ишқ дардест, ки ҷуз марг дармон надорад. Медонам, ин овоз дар ҳоле ки ҳеҷ овоз нест, ба шаб бас дур меравад, аммо чаро онро Ёр, ки дар дили ман аст, бояд аз пушти кӯҳи офтобнишин бубинаду бишунавад?
Бар ин новдон менигарам ва аз борони баҳор меандешам. Кӯр нестам, аммо мебинам, ки об аз дидагонам беист меравад ва аз харобии вуҷуд парвое надорам.
Бароям аз духтари афсонаҳо як шабе, ки моҳ бас зебо медурахшиду ситораҳо ошиқона чашмак мезаданд ва шамолаки форам мевазиду мардуми олам дар хоб буд, ҳикоят кард. Мӯйҳои дарози сиёҳ дошт духтари афсонаҳо ва рӯи зарди чун офтоб дилкашу гарм. Зиндагӣ бо зебоӣ ба ҳуснаш менозиданд ва дунё бо охират дар ҳасрати дидораш буданд. Саодат ба номаш шӯҳратро ба нардбони баланд мебароварду худро ба ҷилва меорост. Оинаҳо сайқал меёфтанд ва зангро ба куллӣ аз вуҷуд дур мекарданд. Кӯдакон ба номаш ба воя мерасиданд. Дари ҳама хонаҳо ба рӯяш боз буд ва низ ҳама хонҳо пур аз нону қанду себ. Кӯзаҳои пур аз обу хумҳои пур аз шароб ба ёдаш маст мегаштанд. Боғбонҳо ба гулҳо ва дарахтони пурбор башорати омаданашро медоданд. Ҷӯйҳо бо чашмаҳо таронаи муҳаббаташро мехонданд. Сангҳо ба нармӣ ва шарору гармӣ дил дар кафи даст хобро фаромӯш менамуданд. Оҳҳо дар синаҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё