Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

башорат мешуданд. Замон ба эҳтиромаш номро намехост ва бо вақт ошно намегардид.

Ва ман вақте ба чашмонаш нигаристам, Ӯро дар худ ёфтаму дӯсташ доштам ва номашро фаромӯш намудаму духтари афсонаҳояш хондам.

Дерест, ки ман номи Туро аз ёд бурдаам. Ба ҳазор номат мехонам, аммо ҷавобам намедиҳӣ ва дармеёбам, ки ҳеҷ яке номи Ту нест. Аз кӯҳи бас баланд мепурсам, аммо ҷавобам намедиҳад. Ба дил мегӯям, ки ӯ низ номи Туро аз ёд бурдааст. Ба дарё менигарам ва ӯ зории диламро аз нигоҳам мехонад ва ба хомӯшӣ ҳам умедам намебахшад, ки як рӯзи хуши офтобӣ хоҳад гуфт. Аз осмон, ки ҳеҷ паҳно надорад ва саодатро намешиносад, имдод намеҷӯям. Заминро бас сард мебинам, дил аз ин хоҳиш бармегирам. Духтараки зебоям чун малулам мебинад, бе ин ки бидонад номи Туро меҷӯям, мегӯяд: «Дар он дафтари сабзи таронаҳои сафед номи хоҳарамро, ки барояш афсонаҳои ширин менавиштӣ, як шаб дар рӯшании чароғ дидам. Ва чаро он дафтарро дар рӯзи сарди зимистони пурбарф сӯхтӣ, дар ҳоле ки хона ҳеҷ гарм нашуд?».

Аз ту мепурсам, эй пирамарде, ки шохаҳои дарахтонро мебурӣ: Имсол баҳор меояд ва гулҳо башорати омадани он ёрро медиҳанд? Абрҳо чаро ҳеҷ намехоҳанд бигиранд ва расми хандиданро низ аз ёд бурдаанд? Шамолаки форам аз чӣ роҳи худро дигар кард? Хушбахтӣ ба гӯши кадом мардуми шаҳр афсонаҳои духтараки сабзпӯшро бо муҳаббат мегӯяд? Падарам боз дар нимашаб Қуръон мехонад? Модарам дар оинаи чашма рӯи худро ошиқона мебинад? Номаи мани сӯхтаро кабӯтар ба духтари афсона мебарад?

Аз ту мепурсам, эй пирамарде, ки шохаҳои дарахтонро мебурӣ. Агар гӯши шунаво надорӣ, чаро ба ҳайрат ба рӯям менигарӣ?

Нохун ба дил задан дар ин шаҳр расм шудааст. Ва чаро ман омадам ва он дуторро дар деҳ гузоштам? Пас аз рӯзе

пешина
аз 210
навбатӣ