Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бигӯ, ки ин афсона ҳеҷ поён надорад. Агар нагӯй, ба Худо, ба номи муҳаббат онро мо то ба қиёмат мешунавем ва офтоб дар ин нимаи шаб рух менамояд.

Мардум хоби оламеро ба сеҳр бастаанд ва Ту ба ишқ хоби маро.

Чаро, эй ошиқи бадбахт, мегирӣ ва аз хандаи гулҳо шарм намедорӣ? Агар афсонаи муҳаббати Ӯро боре нашунидаӣ, бад-ин ҳақиқате, ки онро гӯйӣ шинохтаӣ, маргро ба ноумедӣ ба сӯи худ мехонӣ ва ба ҷовидон номи туро ҳеҷ дилдодае ба забон намеорад ва ҳам бод хоки гӯратро ба сӯи диёри ҷонон дар ҳазор сол намебарад.

Беҳтарин афсонаи муҳаббатро аз Ту шунидам. Оҳ, агар онро ман аз дигаре боз бишнавам. Агарчи аз ин андӯҳ намемирам, зиндагӣ ҳеҷ қимат пайдо намекунад ва ҳам дӯсташ намедорам. Оре ва аз ин ки Туро зиндагии худ мехондам, то ба фаро расидани марг шарм медорам.

— Бигир ин гулҳои бас зебои лоларо. Оре, харидорӣ бикун, ҳеҷ пушаймон нахоҳӣ шуд. Дар ҳама олам зеботар аз ин гулҳо гулеро пайдо наменамоӣ.

— Ба Худо, рост мегӯӣ. Ман онро ба ҳар қимате, ки мехоҳӣ, мехарам. Аммо барои ман ин ҳақиқатро тасдиқ бикун: ин гулҳоро на аз рӯи гӯри зебонигоре ин саҳар чидаӣ? Ҳамон зебонигоре, ки ба зебоии Ӯ баҳор ҳам рашк мебурд?

— Оре.

— Акнун ман онро мехарам. Аммо болои гӯраш мегузорам. Ва аз барои Худо, ту дигар ҳеҷ гоҳ дар ин рӯз гулҳои рӯи гӯрашро, ваъда бидеҳ, ки намечинӣ. Охир, имрӯз рӯзи тавлиди он зебонигор аст.

пешина
аз 210
навбатӣ