Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Хоб як шабе пештар аз ин маро бо аламҳои дусадсолаи хеш тарк гуфт. Маҳтобро шоҳид намегирам, аммо ситораҳо, ки то ба рӯз бедор буданд, гувоҳӣ медиҳанд. Ва ман ҳеҷ дарнамеёфтам, ки ӯ бо ёри номеҳрубони ман он замон сохтааст, агар духтараки хуршедрӯе бо табассуми ширин ин ҳақиқатро намегуфт. Бо ин ҳама ҳазор шаб ба роҳаш бо чашми ҷору дили зор интизор мешавам. Охир танҳо ӯ аст, ки метавонад он нозанини маро барои лаҳзае пеши назар биёрад ва садҳазор соли дигар зиндагиям бубахшад.
Ин роҳе, ки ту меравӣ, ба хонаи он ёр намебарад. Агар боварам намекунӣ, марг дар охир бо ашқҳои бас талхи пушаймонӣ ин ҳақиқатро бароят мегӯяд.
Чаро достони талхи муҳаббати маро мехоҳӣ аз ҷавоне, ки ҳеҷ натавонист дӯстат бидорад, дар ин нимашаб бишунавӣ? Ё медонӣ ба шаб овоз дур мераваду онро ман низ метавонам гӯш бидиҳам? Оҳ, аз чӣ ту ҳеҷ бовар намекунӣ, ки ман беҳтар аз ин дусад достони дигар гуфтаам? Барои Худо, ба раҳи офтоб бинигар ва бигӯ ишқ ба олам зебоиро ба армуғон меорад. Шояд дар ин ҳол ҳақиқат бо бахт ба рӯят ошиқона биханданд ва бо илтиҷо бигӯянд, ки барои мани бадбахти дур аз ҳақиқат ба гули хушкидаи дари хонаат об бидиҳӣ ва ба мурғаки нолони қафасат дон.
Ту он ёре ҳастӣ, ки медонӣ гиря чист. Ва ғамро эҳсос мекунӣ. Зиндагиро чун кӯдакон дар қанди ширин намебинӣ. Оинаро дӯст медорӣ ва рӯзе сад бор бар он менигарӣ, то худро зеботар биёбӣ. Бо ин ҳама наметавонӣ дӯстам бидорӣ ва ё бифаҳмӣ чаро одамон ҳамдигарро дил медиҳанд.
Ту ҳазор ошиқи дилхастаро дидаӣ ва ба ҳолашон хандидаӣ. Аз ин рӯ дигар ҳеҷ гоҳ ишқ ба имдодат намерасад. Дар ин ҳол маънии зиндагиро дарнамеёбӣ ва ба олам ошиқона наменигарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё