Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ту хушбахтиро нашинохтиву нагузоштӣ меҳмони хонаат шавад. Ва ман онро бад-ин бовару умед, ки Ту беҳтар аз ониву меоӣ, аз хона рондам.

Бар ӯ бигӯед, ки ман ҳеҷ гоҳ дигар аз ишқ сухан намегӯям ва таронаи пурсӯз наменависам. Забонро бастааму қаламро шикастаам ва ишқро дар он биёбони сӯзону тафсон гузоштаам. Агар паррандаеро бибинам, ки аз ҷониби Ӯ меояд ва дарёбам номае дорад, худро кӯре вонамуд мекунам, ки пеши пойро ҳам намебинад ва каре, ки овози модарашро ҳам намешунавад.

Бар ӯ бигӯед, ки ба бахти сиёҳи ман ба сафедиҳои пичаи худ бихандад ва ба гиряам гулҳои хонаашро об бидиҳад. Номаҳоямро агар месӯзад, ба хокистараш оинаҳои хонаи худро пок бисозад ва мусаффову пурҷило.

Ба гадоён симу зар додам ва ба Ту нома. Агар медонистам, ки номаро месӯзӣ, чун гадоён симу зарат медодам. Ва номаро бар равоқи баланд мегузоштам, агарчи то ба дами марг он соҳибе пайдо намекард.

Чаро дасти маро намегирӣ ва ба он баландиҳо намебарӣ? Оре, ту пои равону дасти гиро дорӣ ва ман чашми дурбину ақли расо.

Ман Туро, эй дилбари зебо, барои хиёнат ҳам мебахшам, аммо ишқ ҳар дуи моро ҳеҷ наметавонад бубахшад. Оре, Туро барои хиёнат ва маро барои ҳиммати бахшиш.

Имшаб аз он рӯзе, ки бо ҳам дил додем, ҳазор сол гузашт. Ва дар ин ҳазор сол боре ба рӯи ҳам нигоҳ накардем ва ширин нахандидем. Агар бе видоъ ҷудо шудем, ман ҳеҷ зангӯлаеро намезанам ва ашк намерезам. Танҳо дар рӯи коғази зардшудаи номаат осмонро ба ранги сиёҳ мекашам ва офтобро чун нони сӯхта тасвир мекунам.

пешина
аз 210
навбатӣ