Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мурғакон ба об омадаанд. Мешунавӣ, мурғакон ба об омадаанд? Агар пои ту бастааст ва чашмонат намебинанд, мегӯям ин мурғакон зиндагиро меситоянд ва шукрро аз ёд намебаранд. Ҳар кадом ёре доранд ва меҳрро бад-он бузургӣ дар дилҳои бас хурдашон мепарваранд ва барои ҳам таронаи ишқро месароянд. Ба Худо, замоне онро мешунавам, аз ёри дурафтодаи худ ба ҳасрат ёд меорам ва хун аз дидагон меборам, аммо дари умеди омадани ӯро ба рӯи худ ҳеҷ намебандам. Оре, агар баҳори дигар биёяд, медонам, намегӯяд бо ин ҳазор хазон чӣ сон сохтӣ?

Эй боғбони пир! Аз чӣ пиндоштӣ, ки барои себ омада-ам?

Худо умри туро чун ин дарахтон пурбор бигардонад! Мебинӣ, дастонам меларзанд ва чашмонам хира гаштаанд, дар даҳон дандоне ҳам надорам ва як тори мӯям дигар сиёҳ нест? Агар имрӯз ҳам як себи сурхи ширинро мехоҳӣ аз ман дареғ бидорӣ, савганд ба оне, ки моро офарида, ман ин дам ба он ҳеҷ ниёзе надорам. Аммо намегӯӣ чаро сад сол пеш аз ин маро ба ноумедӣ аз ин боғ рондӣ ва миёни мардум бо овози бас баланд дуздам хондӣ, дар ҳоле ки ба он як себ боре ба ҳазор орзу нигаристам ва баъд барои он садҳазор рӯз гиристам?

Гуфтӣ аз заб бигӯям, аз шаби бас тор ва ман аз худ гуфтам, аз дили бас зор. Ва Ту то ба рӯз гӯш кардӣ ва оҳи сард аз дили пурдард баровардӣ. Чароғи хона ҳамчунон фурӯзон буду офтоб дар осмон дурахшон. Духтараке баъд омад ва бе ин ки аз мо иҷоза бигирад, гулҳои дари хонаро об дод ва ҳамчунон хандон рафт.

Ту гавҳари ишқро дар ин бозори дунё ба чӣ қимате фурӯхтай? Ва он ки мехарид, аз чашмонаш дурдонаҳои ашк намерехт?

пешина
аз 210
навбатӣ