Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Имрӯз ҳама ғамҳо ҳам ба хонаи дили Ту роҳ ёфтаанд. Оҳ, мепиндоштам, ки ғамам, ҳама ғам.
Ин бор Худоро зорӣ кардам, то дигар ҳеҷ гоҳ Туро дӯст надорам ва Ту низ маро аз ёд барои ҳама зиндагӣ бибарӣ. Ва бори аввал буд, дуоям зуд мустаҷоб гардид, аммо пеш аз ин ончунон талх гиристам, ки фариштаҳо бас ниҳон ва ошиқона бар он чеҳраи зебоят нигаристанд ва ба ҷудоии мо афсӯс хӯрданд.
Ҳама дарҳоро бастаам. Агар биёӣ, ба Худо, ҳеҷ якеро ба рӯят намекушоям. Аз сарзаниши муҳаббат наметарсам ва дар танҳоӣ худро аз мардони бас хушбахт медонам, аммо номаҳоятро ба поси он рӯзҳои пур аз дард бо меҳр мехонам, агарчи дар ҳеҷ яке аз он нанавиштӣ, ки дӯстам медорӣ.
Агар рӯзе ба пушаймонӣ биёӣ ва бигӯй, ки дигар дӯстам медорӣ, ба Худо, аз ман ношунавотар мардеро дар ҳама олам намеёбӣ. Ба ишора ҳам ин ҳақиқатро намефаҳмам, зеро он замон ба сурати нобиное меоям, ки ҳузури фарзандашро ҳам эҳсос намекунад. Ва пас ба бадбахтии ҳар дуямон бас зор меноламу ашк мерезам.
Агар ҳама гулҳои шаҳрро дар пеши поям бирезӣ, ба Худо, дигар намегӯям, ки дӯстат медорам. Кабутари сафедро пар мезанам ва ба осмон ба афсӯс менигарам. Оре, пас ҳама номаҳоятро оташ мезанам ва бовар мекунам, ки Туро пеш аз ин ҳеҷ намешинохтам.
Бо ҷавоне аз ишқ сухан кардӣ, ки аз мусулмонӣ ҳазор фарсах дур буд. Ин сазои он аст, ки бо мо номусулмонӣ кардӣ ва ба ҳарфи дилҳои сӯхтаамон гӯш наандохтӣ ва ба оби чашмонамон нанигаристӣ. Аммо ба Худо, дар ин ҳол бароиат ғам мехӯрем ва ба афсӯс оҳ мекашему нола сар медиҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё