Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Чаро ин замон кӯр нестам, то ба чашми Ту нанигарам? Чаро ин замон кар нестам, то ба ҳарфи Ту гӯш наяндозам? Чаро дили ман ҳамчунон ба чашму ҳарфи Ту бовар мекунад? Дар ҳоле медонад, ки бахт ҳама дарҳои худро ба рӯят бастаст ва аз қайди Ту ба хиёнати ишқ растаст?
Мусофирон, аз он Ёри дурафтодаи ман ҳеҷ сухан накунед. Магӯед ӯро бо ҷавоне дидем, ки аз мусулмонӣ дур буд ва хиёнати ишқ ранҷур. Ба Худо, ҳамин ҳолӣ мебинам, ки бо сарбанди сиёҳу куртаи кабудаш дар ғарибӣ менозад ва аз модари худ ҳам ҳеҷ ёд намеорад.
Ба кӯдакон қандҳои бас ширинро додам, то зиндагии мо, эй Ёр, ҳеҷ гоҳ талх нагардад. Аммо ин бечорагон пас аз ҳазор сол ашкҳои маро мебинанд ва дармеёбанд, ки ҳазор сол пеш ҳам аз ғами ҷудоии Ту талх гиристаам.
Чӣ касе меравад ва бе ҳеҷ тарсу ларз ба бевафо Ёри ман мегӯяд, ки дигар дӯсташ намедорам ва ба ёдаш шаб то ба рӯз ситора намешуморам? Чӣ касе пас аз ин меояд ва ба дурӯғ ҳам бошад, мегӯяд: «Беҳуда дил аз Ӯ гирифтӣ ва ёри бевафояш хондӣ. Дар ҳама олам танҳо Туро дӯст медорад ва Туро аз Худо барои худ мехоҳад». Он гоҳ ман бовар мекунам ва боз садҳазор соли дигар дӯсташ медораму оламро пур аз меҳр дармеёбаму барои ҳама зиндагӣ мехоҳаму барои Ӯ ҷовидонагӣ.
Имшаб ҳамчунон, ки дар ҷашни арӯсият будӣ, бас зебо ва дилрабо ба хобам омадӣ. Маҳтоб оламеро нур мебахшид ва ҳар ситора хуфтаеро наззора мекард. Оби ҷӯй таронаи фаромӯшшудаи Туро мехонд ва шамолаке ба ёди мӯйҳои дарозат сарро ба ҳар кӯ мезад. Ҳама аз меҳр мегуфтӣ, ҳама аз муҳаббат. Чашмонат механдиданд. Вафоро дар ҳиҷолат мегузоштӣ ва хушбахтиро дар ҳасрат. Оина ба он ҳусни Худододат рашк мебурд. Оҳ, бо кадом рӯ хурӯси саҳарӣ фарёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё