Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
аст, ки Ту ин гуфтаро фаромӯш карда бошӣ ва сӯхтани маро набинӣ.
Ба он духтараки зебо, ки ҳазор солам дӯст доштааст, бигӯед дигар ҳеҷ номае ба номам нафиристад. Оре ва ҳам нагӯяд, ки дӯстам медораду имсол меояд. Охир, дил ба касе додаам, ки намедонам маро то ба кадом рӯз зинда нигоҳ медораду замони маргамро ба ҳеҷ кас намегӯяд.
Ин духтараки зебое, ки ба ноз аз ин роҳи рӯфта мегузарад, мебинам, ба Ту монанд аст. Аз он куртае ба бар дорад, ки бас зебат медоду ҳуснатро ҳазорчандон менамуд. Замоне ҳам ки механдад, хандаҳои Туро пеши рӯ меорад. Ба Худо, гулҳои садбарги сурхро дӯст медоштааст. Оре, ҷавоне, ки ба ман ҳеҷ монанд нест, аз он гулҳо ба ӯ тақдим мекунад ва дар оғӯшаш мегираду мебӯсад. Ва ман аз дурии Ту ва сардмеҳрият меандешам, аммо намегӯям чаро ин ман дигаре нест ва он дигар ман нестам.
Намедонам, ки рӯзро ситоиш кунам ё шабро. Рӯз Ӯ ҷисман бо ман асту шаб рӯҳан. Рӯз мегӯяд: «Ӯро бо он ҳама зебоӣ овардам». Шаб мегӯяд: «Ӯро Ёри ту намудам ва ҳама аз вафо сухан мекунад». Аммо агар он Ёр ин ҳақиқатро дарёбад, бар ҳамаи мо хашм мегирад ва рӯз пеш аз шабу шаб пеш аз рӯз мемирад. Оре, ман ин ҳолатро намебинам, зеро он замон на бо худ мемонам, на бо Ӯ ва на бо он ҳар ду.
Гуфтанд, ки маро Ту аз ёди худ бурдаӣ. Ва чаро ин ҳақиқатро, эй Ёр, худ намегӯӣ, то аз ин гуфтан шод шавам, ки маро барои лаҳзае ёд овардӣ?
Ба ҳазор фарёди дил аз диёри маҳбуби худ рафтам. Он замон шамолак намевазид ва офтоб ҳам тулӯъ накарда буд. Паррандае аз лонааш сар барнамедошт, гӯё ҳама хомӯширо дил додаанд. Номаи ошиқе бо як гули сурх дар канори роҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё