Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мехобид. Оби ҷӯй намерафт, ҳарчанд ях намебаст. Танҳо мӯйсафеде бо такяи асо умед ба омадани як рӯзи хушу пурфараҳ мебаст ва чашми камнураш офтобро меҷуст. Оре, ҳеҷ кас баъд ҳам эҳсос накард, ки як ошиқи он Ёри бас зебо рафта ва ҳеҷ барнамегардад. Аммо ман барои ин андак ғамро ба дил роҳ намедиҳам. Охир, он Ёр ҳам надонист аз шумори як дилдодаи Ӯ кам шуда.

Бар Ӯ бигӯед дигар чӣ бигиряд, чӣ нагиряд, ман аз роҳ барнамегардам. Вафо мехост, намудам, ҷафо мекард, пазируфтам. Акнун дил ба ҷавоне бидиҳад, ки хушбахтӣ пас аз замоне ба ҳолаш мегиряд ва модари пираш аз ин як сарнавишти бад менолад. Номаҳоямро дар оташи танӯр, медонам, месӯзад ва хокистарашро ба раҳгузори мардум мерезад. Бод онро мебарад ва ба баҳр ошно месозад. Баҳр мехӯшад, сахт мехурӯшад. Моҳигири пир дар заврақ метарсад ва Худоро зорӣ мекунад, ки ӯро ба саломат ба канор бирасонад. Духтараке дар гӯшаи дигари дунё ба шукуфтани гул менигарад ва аз Офаридгор таманно мекунад ӯро ошиқ бигардонад, ошиқи марде, ки муҳаббатро сазовор аст. Ва он манам, агарчӣ дар ёдҳоям ҳам он духтарак Ту ҳастӣ.

Аз он духтари афсонаҳо мехоҳӣ бигӯям. Ту офтобро ба он зебоӣ, ки дар ҳазор сол як бор насибаш мегардад, оё дидаӣ? Ва овози моҳро, ки дар садҳазор сол як шаб ба гӯши дилдодагони содиқ мерасад, шунидаӣ? Мӯйҳои нуқрагини ин шаршараи кӯҳиро, ки ҳама умр боре ба дасти ларзони ошиқон мерасад, ламс кардаӣ? Ба Худо, биё дигар аз ӯ нагӯям. Охир, дил медиҳӣ ва садҳазор сол дар интизораш чашм ба роҳ менишинӣ, дар ҳоле ки дигар ба ин диёр ҳеҷ барнамегардад ва оламеро дар ҳасрати дидори худ намегузорад.

Насиби ин ошиқи бадбахти Ту ҳама ранҷ будаасту ғаму андӯҳ. Вагарна Ту ёре ҳастӣ, ки вафо бо вуҷудат менозад ва ҳастӣ ифтихор мекунад. Оре, замон ҳам пеши поят ба таъзим

пешина
аз 210
навбатӣ