Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Бар ин рӯд, ки рӯдакивор суруди рӯзгорро мехонад, менигарам. Аммо мебинам вуҷудам аз такрори он оҷиз аст, агарчи медонам ба покӣ ва озодагӣ бояд бо сияҳчашмон шод бизиям ва бигӯям, ки ҷаҳон ҷуз фасонаву бод чизе нест. Дар ин ҳол офтоб чашми маро мезанад ва аз ҳиҷолат ранг мегардонам. Ва шукр мекунам, ки инро ҷуз ӯ ҳеҷ кас намебинад.
Ба хонаи бас рӯшан кӣ ин номаи пурдарди як ошиқи хунинҷигарро мебарад? Ба подоши ин бахти ӯ чун гулҳои баҳорӣ бо хандаи бас зебо мешукуфад ва зиндагӣ рӯзе ҳазор бор саломаш медиҳад. Агар ҳам ба он духтари афсонаҳо рӯ ба рӯ биёяд, офтоб ҳамарӯза ба дидораш хушнуд мегардад ва шаб достони муҳаббаташро аз забони моҳи оламтоб ба дилдодагони содиқ мехонад. Ин номаест, охир, ки ман дар ҳазор солаш навиштам ва бо садҳазор умед. Дастонам ба вақти навиштан ларзиданд ва аз чашмам ба ҷои ашк бас хун рафт. Дил ҳеҷ бовар надошт, ки рӯзе он ба поён мерасад. Ҳазор шоир ба бадбахтӣ дунёро падруд гуфт ва марг ҳар соат дари маро мекубид ва зиндагӣ ҳеҷ умедам намебахшид. Гулҳо, ки ба тароваташон ҳама рашк мебурданд ва зебоиро ба ҳастияшон мешинохтанд, пажмурда гаштанд ва ҳеҷ бӯе аз онҳо намонд. Кӯдакон дар гаҳвораҳо ба хоби абад рафтанд ва шири модарон дар пистонҳо бо ҳасрати бузург хушк гардиданд. Кӯрон бе асо монданд ва роҳро гум карданд. Рӯзгор таронаи бенавоиро мехонд, дар ҳоле ки як марди шунаво набуд. Пои озодагонро завлонаҳо ёр шуд. Зангӯлаҳо занг бастанд ва оинаҳо намадпӯш гаштанд. Ошиқон ишқро ба фитнаҳои шаҳват аз ёд бурданд. Калом ба осмон рахти сафар мебаст. Дарё мехост хушк бигардад ва кӯҳ ҳамвор. Дуо аз одамон мегурехт ва иҷобат дар пушти ҳафт пардаи ҳафтранг пинҳон мешуд. Оре, имшаб як шаби муборак аст, ки нома дар даст дорам ва он хонаи рӯшанро ёфтаам. Аммо бояд онро касе дигар бибарад. Ба Худо, духтари афсонаҳо ин номаро хоҳон аст, ин номаи сар ба мӯҳрро. Ва рӯз фаро намерасад то он замон, ки номаи ҳастию нестиямро Ӯ ба даст намегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё