Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Гуфтӣ: «Ҳама ошиқонамро пеши Ту ном бурдам».
Оре, аз ҳазор беш буд. Аммо агар рост гуфтӣ, пас чаро ман номи худро нашунидам?
Ба Худо, дафтар аз дастам афтид ва қалам шикаст, чун хостам бинависам, ки имсол Ту бо ҷавоне мепайвандӣ ва хушбахт мешавӣ. Ин лаҳза, ки он ҷавон ман набудам.
Қаламу дафтар низ дар ин як шаби бас сарди зимистон чун ман хоб надоранд. Чӣ кунам, ки он дилсард маро дар чунин як фасли сард ошиқ гардонид ва амр намуд, ки то ба рӯз, як рӯзи офтобӣ бароиш тарона бинависам?
Дар сояи ин дарахти пурбори ишқ боре агар неменишинӣ, ба хотири ошиқони зори худ онро мабур ва дар оташ масӯз.
Ба он як номаи зебо хостӣ ин ошиқи зорро бештар гирифтори худ намой. Ва ӯ дар гирифторӣ наметавонад онро посух бигӯяд. Ту бад-ин баҳона сад ҳазор сол сарзанишаш мекунӣ ва аз ошиқонаш намехонӣ.
Гуфтӣ: «Бисӯз, то аз сардии хона шикоят набарӣ».
Ва сӯхтам, аммо дидам, ки хона аз сардии ман шикоят бурд.
Агар васфи ҷамоли Туро дигар намекунам, мапиндор, ки кӯр шудаам ва зебоиро намешиносам. Охир, медонам, Ту баъд масти ин тавсиф дар оғӯши ҷавоне, ки ишқу зебоиро намешиносад, шабро ба рӯз мебарӣ, аммо офтоби бахти ман ҳеҷ тулуъ намекунад.
Мегӯӣ: «Барои ту зиндагӣ арзише надорад»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё