Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ва дар ҷавоби Ту, эй Зиндагии ман, ҳама умр бояд хомӯш бимонам?

Хушбахтӣ маро бо номи Ту фирефт. Агарчи пас аз он аз роҳ барнагаштам, аммо ба манзил низ нарасидам.

Эй офтоб! Хабар аз он хуршеди оламтоби ман агар надорӣ, чаро тулӯи ту бо як табассуми ширин аст?

Расми хандиданро ман, эй офтоб, аз ту наомӯхтам. Аз ин рӯ ба он офтоб- Ёри худ нарасидам. Ва мебинам, ки ту барои мо ҳама хун мегардӣ ва пушти пардаҳои кӯҳ рӯй ниҳон месозӣ. Пас аз ҳар шаби бе моҳу ситора боз бо ханда рух менамой. Оре, бо умед.

Он Ёр аз ман узрро намепазирад. Ба ин хотир, ки гуноҳ накунам.

Имрӯз зеботар аз ҳазор рӯзи дигар омадӣ. Ва ин бор Зебоӣ Туро васф кард. Оре, вақте дид, ки ман оҷиз омадам.

На як бор, балки ҳазор бор гуфтӣ, ки хушбахтам.
Ва ман ҳеҷ бовар накардам. Охир, дидам, ки Хушбахтӣ ба дари Ту ба гадоӣ омада буд.

Маро агар дар ин нимароҳи ишқ мегузорӣ ва меравӣ, паноҳат бар Худо бод! Аммо бигӯ, ки ӯ дигар як нерӯи омаданро надошт. Дар ин ҳол маро бевафо намехонанд.

Ба хонаи ин бадбахт ошиқи худ намеоӣ. Ва чаро боз офтобро низ намегузорӣ, ки бо як нигоҳ ба омаданат умедвораш бисозад?

пешина
аз 210
навбатӣ