Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Аз ҳазор ошиқи худ ном бурд. Аз лутфу навозишашон ёд овард. Ва ончунон аз меҳрубониҳошон бо муҳаббат ҳикоят намуд, ки ман ҷои худро ҳатто поёнтар аз ҳама дилдодагонаш дар наёфтам. Агар ишқ мегузошт, ки бо ин ҳама шарму ҳиҷолату дармондагӣ аз роҳ бармегаштам, гӯшам сухани касеро барои ҳидояту расидан ба манзил намешунид.
Абрҳоро дар ин шоми зимистони бас сард, мебинам, ки ба сурати Ту меоянд. Ва офтоб аз рашк ҳама хун мешаваду рӯй аз мардум мепӯшад.
Навиштӣ, ки «ин зимистони бас сард хоҳад рафт. Ва баҳори хуррам хоҳад омад».
Ва Ту, эй Ёри зебои ман, бо баҳор меоӣ?
Агар наёӣ, ба Худо, баҳори хуррам барои ман сардтар аз ин зимистон хоҳад омад.
Хоб чашмони маро мехоҳад бипӯшад. Бечора намедонад, ки ба беҳуда ранҷ мебарад. Охир, дили ман мегиряд.
Хоб аст, ки меояд ва мегӯяд: «Ман ба меҳмонӣ хонаи ту омадаам. Агар маро хуш бипазирӣ, ба Худо, аз он Ёри дурафтодаат бо муҳаббат сухан мекунам ва муждаи омаданашро медиҳам».
Ва мани соддаи рустоӣ ба ӯ зуд бовар мекунам. Ва Ту маро дар шумори ошиқони содиқи худ намеорӣ.
Шукр, ки дил ҳазор сол пеш маро тарк намуду рафт. Охир, тоби як дарди ишқи Туро намеовард ва ман ба шармсорӣ худро аз ошиқонат намехондам.
Омадаам, ки дарро ба рӯи ман бикушоӣ. Оре, дар ин фасли сарди сард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё