Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Як рӯз мегӯӣ: «Туро аз ёд бурдаам».
Ва ман аз шодии ин, ки маро дар ёд доштӣ, мемирам.

Дар интиҳои як рӯзи пурбарфу сарди зимистон барои Ту, эй зеботарин дилбари ҷаҳон, тарона менависам. Таронае, ки ҳазорон сол мемонад. Ва он таронаи муҳаббат аст, муҳаббати Ту.

Ҳаво сард аст, аммо дили Ту набояд сард бошад. Сардии ҳаворо, охир, бисёр дидаам. Аз он ҳеҷ ранҷе ба ман нарасид. Агар сардии дили Ту боре маро намекушад, бидон, ки дар миёни зиндагон низ намегузорад.

Маро бо ҳама ошиқони худ ошно сохтӣ. Хостӣ, бубинам, ки аз камтарин ошиқонат низ нестам. Ва чаро дар ин хиҷолат маро накуштӣ, то эътиборе дар назди Ту ва ошиқонат пайдо мекардам?

Чаро сарзанишам мекунӣ? Медонам, охир, дӯстам намедорӣ. Ва ин як алам барои куштани ман кофист.

Хушбахтӣ, ки рӯзе пештар Туро дил додам ва хушбахттар аз он, ки имрӯз ҷон.

Бо ҳазор ошиқи хушбахти худ менозӣ. Чаро бо як ошиқи бадбахтат ҳам ифтихор намекунӣ?

Таронаҳои пурсӯзи маро мехонӣ, аммо аз ҷавоне ёд меорӣ, ки дили сард дорад.

Ба он ҳазор ошиқи хушбахти худ бигӯ, ки ба ҳоли ин як бадбахт ошиқ наханданд. Охир, Ту худ механдӣ, бас аст.

пешина
аз 210
навбатӣ