Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Агар он дил бо Туст, мегӯям ӯро аз куҷо биёбӣ.

— Он дил бо ман нест ва намедонам кадом замоне онро гум кардаам.

— Пас ҳама кӯшиши Ту суде намеорад. Ва агар Маргро ҳам бихоҳӣ, гумон мабар, ба имдоди Ту мерасад, агарчи он ба имдоди ҷавоне, ки суроғашро дорӣ, садҳазор сол пеш аз ин расида буд.

Дафтараки зебои таронаҳоямро дар оташ месӯзӣ. Аз сӯхтани ман ки дили сардат ҳеҷ гарм нашуд.

Чаро имрӯз дарёфтам, ки пеши Ту ҳеҷ арзише надорам? Охир, пеш аз садҳазор сол ҳам агар медонистам, ҳамчунон дӯстат медоштам.

Имрӯз аз он диёри бас дур омадаӣ, ки бигӯй: «Дӯстат медорам?». Мехоҳӣ боз садҳазор соли дигар дар интизори Ту бинишинам ва об аз дидагон бирезам? Ба Худо, ҳама кӯшишат дигар суде намебахшад. Марг ин бор ба фиреби зебои Ту амонам намедиҳад.

Пиразане, ки ба такяи асо он рӯз дар таронаҳои ман ҷавонии худро мебинад, Туӣ, Туӣ, эй Ёр. Аммо ғурур ӯро намегузорад, ки бигӯяд: «Бо он ҳама оташи сӯзандае, ки аз ишқи ман дар дил дошт ва маро бас эҳтиром мегузошт, Ба Худо, натавонистам дӯсташ бидорам».

Ман имрӯз аз диёре омадаам, ки мардумаш муҳаббатро намедонистанд. Ва афсӯс хӯрдам, ки чаро донистам Ту аз он диёрӣ.

Ту мехоҳӣ таронае ба зебоии диёрат бигӯям. Ман ба рӯи зебои Ту менигарам ва мегӯям: «Оё ӯ низ чун Ту дил надорад?».

пешина
аз 210
навбатӣ