Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Дар дили Ту бо ин ҳама таронаҳои пурсӯзам, ки гувоҳи ишқи бузурги ман аст, ҷой мегирифтам. Аммо дареғ, ки Ту дил надоштӣ.

Зимистон имсол беҳтар аз баҳор аст. Оре, он Ёр баски чун гул ба рӯи ман механдад.

Кӯдакон, ки гул мегардонанд, мегӯянд баҳор омад. Ва мардум аз ин мужда чизе бар онҳо мебахшад. Ба Худо, мебинам, ки он ҳама арзиши ин муждаро надоранд.

Ва агар ҳам касе барои ман гул биёрад ва бигӯяд, ки Ёр омад, ҷони азизро бад-ин мужда мебахшам. Мебахшам, аммо он замон аз ин нодории худ бас шарм медорам.

Он қадар дӯсташ доштам, ки дигар ба дӯстдорӣ бовар накард. Бо ин ҳама мегӯям: Чӣ кунам, охир, ки ӯ арзандаи беш аз ин дӯстдористу ман аз он оҷизам.

Мебинем, як рӯз чашмони Ту ба ман мегӯяд, ки дӯстам медорӣ. Ва Ту ӯро бо сурма аз ин як густоҳӣ сиёҳ мекунию барои ҳама умр хомӯш. Аммо ман ба ҳамон як баён қонеъ мешавам ва ҳазор соли дигар бо номи Ту ба хушбахтӣ умр ба сар мебарам.

Мегӯӣ: «Ҳаргиз орзуи раҳоии аз домро дар вуҷуди худ роҳ мадиҳед». Мегӯӣ, агарчи медонӣ моро раҳоии худ ҳамин гирифторист.

Осмонро дӯст медорам. Заминро дӯст медорам. Ҳама оламро дӯст медорам. Оре, баски Туро дӯст медорам. Ин як ҳақиқатест, ки то Туро дӯст надоранд, дарнамеёбанд.

пешина
аз 210
навбатӣ