Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Чашмони Ту маро мефиребад. Забони Ту маро мефиребад. Бечора дили Ту аз ин ҳама пеши як ошиқи содиқ дар хиҷолат аст.

Замона маро бисёр фирефтааст. Ва чаро Ту худро фарзанди ӯ хондӣ?

Дар ин қатраи ашк дарёи бузургро мебинам. Ва чаро нагирям, вақте мегӯянд Ту дар он ғарқ мешавӣ?

Мехоҳӣ Ёри вафодорат бихонам. Барои ин як хостаи Ту ба дилу дасту забону нигоҳ амр намудам. Ҳама сар аз амрам печиданд. Агар на дар ихтиёри Туанд, ин озодиро бо чӣ роҳ ёфтанд?

Метавон Туро рӯзе ҳазор бор Ёри вафодор бихонам. Аммо Ту бад-ин бевафоӣ аз он дар хиҷолат намеафтӣ?

Чаро бояд рашк бибарам? Ту ёри ҳама будӣ, аммо ба ҳеҷ яке вафо нанамудӣ.

Гиряи дили маро дидию шунидӣ ва бо ҷавоне гуфтию хандидию рафтӣ. Агар дигар ҳеҷ ҳам барнамегардӣ ва маро аз ёд мебарӣ, дили ман ҳамчунон, ки дидию шунидӣ, мегиряд.

Ба афсонаҳои ширини зиндагӣ, Туро, эй Ёри беҳтар аз ҷон, ёд меорам. Агар ҳам пас аз он дар он диёри бас дур ширин механдӣ, ҳеҷ наметавонам талх нагирям.

Эй гули зебои ман, агар намедонам чаро тароват Туро ин замон тарк гуфта, медонам хазон наздик аст. Оре, барои Ту. Барои ман ин гуна як хазон ҳазор сол пеш, он гоҳ, ки дил

пешина
аз 210
навбатӣ