Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Нерӯро дорам, ки боз ҳазор таронаи дигарат бигӯям. Охир, ҳанӯз офтоб медурахшад, моҳ нур мебахшад, гул мешукуфад, дарахт бор меорад, дарё меравад, зиндагӣ ширин аст ва ишқ маро бо хушбахтӣ мешиносад.
Ҳазор тарона гуфтам ва мазмуни он ҳама як асту бас соддаву рӯшан, ки Туро дӯст медорам. Агар онро ҳам фаҳм намекунӣ, ман ҷуз ба Ту ба касе дигар шикоят намебарам.
Мегӯӣ: «Бо ҳеҷ кас вафо накардам». Оҳ, мепиндорӣ ман ҳам Туро ҳама умр ба хотири вафо дӯст доштам?
Имрӯз агар мегӯям зебоӣ, бовар бикун, ки зебоӣ. Охир, ҳама рӯз худро ба хотири ман меоростӣ. Имрӯз аммо барои ҷавоне оростӣ, ки бо сарват мастат намудааст. Дар ин ҳол ман чӣ гуна метавонам дурӯғ бигӯям?
Медонам бад-он ҳусни Худодод имрӯз мағрурӣ ва ман дар чашмат ҳеҷ наменамоям. Аммо агар фардо ин ҳусн таркат бигӯяд ва Ту бимонию ман, метарсам, ки мегӯӣ: «Чаро он рӯз, ки бас зебо будаму дилрабо, бароям насӯхтӣ? Шояд дилам ба ту месӯхт ва аз ошиқонат мехондам».
Аз ҷавоне бо сӯзу гудоз сухан кардӣ, ки ҳазор сол барои Ту дар роҳи ишқ бас ранҷ кашидааст. Ба Худо, пиндоштам он ҷавон манам. Ва чаро Ту номи ӯро дар охир ба забон овардӣ?
Он ёри беҳтар аз ҷон гуфт: «Агар рӯзе биёию маро наёбӣ ва ҳам мужда бирасонанд, ки оламро падруд намудааст, ба худ чӣ мегӯӣ?» Ва ман хомӯш мондам. Агарчӣ мехостам бигӯям: «Агар Ӯро ин бор меёфтам, вафо мекард, вафо ва маро бо ҷону дил дӯст медошт. Оре ва ҳам бад-ин фириб бароят сад дафтар таронаи меҳрубонамро менавиштам, то бовар бикунанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё