Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Мапиндор як рӯз меоям ва хонаи бас сарду торикатро гарму рӯшан месозам. Охир, бояд меомадӣ ва хонаам аз ту гул мекард. Дигар офтоб ҳам дар баҳори хуррам бароят рух наменамояд. Дигар маҳтоб ҳам шаби зулмониятро рӯшан намесозад. Дигар ситорае дар осмон бароят намедурахшад. Дигар марг ҳам ба имдодат намерасад. Дигар садоят ҳам ба гӯши ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз намерасад. Дигар ҳама таронаҳои пурсӯзатро дар оташ месӯзам.
Оре, мегӯӣ, мегӯӣ, беш аз ин мегӯӣ. Ва ман ҳеҷ бовар намекунам, ки аз ин сарнавишти бадам ту шод нестӣ.
Дар ин диёр, танҳо дар ин диёр офтоб ба рӯи ман механдад ва хушбахтӣ ба имдодам меояд. Гулҳо ба ҳазор ранг аз зебоӣ мужда мерасонанд. Ҷавонӣ ба ҷовидонагӣ менозад. Вафо чун он ниҳоли себ самар меорад.
Оре, дигар беҳтар аз ин диёр ман дар олам диёреро намедонам ва намехонам ва ҳам бештар аз ин диёр диёреро дӯст намедорам, арҷ намегузорам. Охир, дар он нигори нозанини ман аст.
Зиндагӣ зебост ва ба зебоӣ менозад. Аммо Ту аз он зеботарӣ. Агар боре ба он наменозӣ, ҳама оламро зиндагӣ мебахшӣ ва ба зебоӣ ошно месозӣ.
Мебинам ин барф меборад ва зуд об мешавад. Оре, бо ин ки офтоб намедурахшад. Аҷаб! Боридан ҳастӣ аст, об шудан нестӣ. Ман ба ин ҳастию нестӣ меандешам ва аз Ту, эй Ёри ягона, эй офтоби дурахшон, ёд меорам ва ҳама ашк мешаваму аз дида меборам. Оре, нестӣ маро бад-ин сурат, эй он ки ҳастӣ ба Ту рашк мебарад, пеши оламе ҷилвагар месозад ва баъд ҳама дарҳоро ба рӯям мепӯшад. Агар Ту аз ман ёд намеορӣ, мебинанд ҳамчунон барф меборад ва зуд об мешавад. Оре, бо ин ки офтоб бидурахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё