Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бо ду ҳазор дилдодаат рӯ ба рӯ меомадам. Медонам, агар мерафтам, дармеёфтам, ки аз камтарин ошиқонат нестам. Оҳ, агар ба рӯи яке аз дилдодагонат ширин табассум мекардию ман медидам, ба бадбахтии худ дар он ҷашни мубораки тавлидат мегиристаму ҷон медодам. Агарчи айши касе талх намегашт, ба Худо, дар рӯзи қиёмат ҳам маро намебахшидӣ.

Дил, эй дил, агар имшаб бигирӣ, ба рағми оламу одам ба ҳоли ту то ба рӯзи қиёмат механдам. Охир, ёри меҳрубони ман агарчи туро аз ёд бурдааст, ду ҳазор дилро ба меҳмонӣ хондааст. Агар намебинӣ ҳама ин дам азизу мукарраманд, бояд бидонӣ офтоби толеашон тулӯъ намудааст. Ва андар ин шабе, ки қадрашро ҷуз Худо ҳеҷ кас дарнамеёбад, бояд, ки шод бошӣ ва ситоиши он ёри ягонаро бинамой. Охир, ин бахт пас аз ҳазор моҳ боз ба рӯят механдад. Ва чаро ту, дил, эй дил, имшаб мехоҳӣ бигирӣ?

Гуфтӣ, ки дар он хонаи рӯшан ҷои ту он шаби бас муборак холӣ буд. Ба Худо, бовар мекардам, агар дар дили ту чунин як ҷойро дармеёфтам.

Дил, эй дил, рафтӣ, охир, рафтӣ. Ва ҳама хун шудию боз омадӣ. Магар нагуфтам, ки бояд наравӣ, ба он хонаи рӯшани рӯшан наравӣ? Рафтию дидӣ, ки ёр дар он ҷашни мубораки зодрӯз на аз ту ёд овард, на аз ман. Оре, агар бо ҳазор дилдодаи худ гарми сӯҳбат буд, он лаҳза ҷавонеро мехост, ки барояш сад сол беш дар раҳи ишқ сӯхтааст. Агар ӯ меомад, бо ин ҳазор дилдода ҳам ҳеҷ сӯҳбат намекард ва якеро дар шумори зиндагон намеовард. Акнун, ки рафтӣ, бо ҳазор ғами ӯ то қиёмат бисоз ва нола сар мадеҳ ва ҳам аз ҳеҷ кас имдод махоҳ.

Медонам, ту имрӯз меоӣ ва мегӯй: «Дигар худро аз ёрони ман машумор. Агар ҳазор соли дигар ҳам бароям бисӯзӣ,

пешина
аз 210
навбатӣ