Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Аз хона баро! Барои ман камон соз, камони мустаҳкам соз!

Мӯйсафед аз хона баромад ва ҳайрон шуда гуфт:
— Гуфти ту шавад. Месозам.

Мӯйсафед камон сохт. Вай хеле бо ҷидду ҷаҳд сохт, арақшор шуд. Тилгет фикр кард: «Унгет ягон нияте дорад». Унгет камонро тоб дода, санҷида санҷид. Камони хубе буд.

Рӯзи дигар бародарони шикорчӣ ба ҷангал равон шуданд. Унгет гуфт:
— Имрӯз ман худам танҳо ба ҷангал меравам.
— Ту чиро шикор мекунӣ? — пурсид Тилгет.
Унгет гуфт:
— Ягон чиз шикор мекунам-да.

Онҳо бо роҳҳои гуногун рафтанд. Унгет хеле роҳ рафта монда шуд ва бо шикам ба рӯи барф дароз кашид. Дароз кашида фикр мекард: «Чаро танҳо омадам? Бо бародарам равам, нағз буд: вай пеш-пеш рафта роҳ мекушод. Вақте ки худам танҳо меравам, худам бояд роҳ кушоям». Унгет дароз кашида боз фикр мекард: «Дина аз он тарафи дарё садое шунидам, гӯё садои кушодаю пӯшидашавии дар буд». Унгет аз дарё гузашт ва ба назди харсанг омад. Ногоҳ аз як дарахт санҷобе ба замин ҷаҳида фаромад. Унгет санҷобро таъқиб намуд. Таъқибкунон дид, ки изҳои он торафт калонтар мешаванд. «Ин чӣ хел санҷоб бошад? — фикр кард ӯ. — Санҷоби аҷиб». Ана изҳои санҷоб ба изи одам табдил ёфтанд. Ногоҳ ба сари Унгет фикре омад, ки ин қайгус1 аст. Дилаш ба тапиш даромад. Вай боз санҷобро таъқиб кард. Яъне ачинаро таъқиб мекард, ана ба вай расида гирифт. Санҷоб ҷаҳида ба дарахт баромад. Унгет нафас рост карда, камонашро таранг кашид ва санҷобро ба нишон гирифт. Санҷоб чиррос зад. «Чӣ кор кунам? Занам? Назанам? Санҷоби аҷиб. Не, намезанам».

Баъд боз фикр кард: «Шикорчӣ магар сайдашро аз даст медиҳад?» Ӯ тир парронда санҷобро зада кушт. Санҷоб ба

1 Қайгус — ачина, ки ба сурати одам ва ҳайвонот медарояд.

пешина
аз 200
навбатӣ